Саррофони ғайриқонунӣ “пауза” кардаанд: доллар тухми анқо шуд

Пас аз тасҳеҳи (коррексияи) қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тавре интизорӣ мерафт, арзи миллии  Тоҷикистон дар бозори мубодилаи асъори нақд беқурб шуд. Қурби хариду фурӯши доллари нақд имрӯз дар “Бонки Эсхата” мутаносибан дар сатҳи 11,31-11,33 сомонӣ, “Бонки Арванд” – 11,32-11,33 сомонӣ ва дар Аввалин бонки молиявии хурд […]

Пас аз тасҳеҳи (коррексияи) қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), тавре интизорӣ мерафт, арзи миллии  Тоҷикистон дар бозори мубодилаи асъори нақд беқурб шуд.

Қурби хариду фурӯши доллари нақд имрӯз дар “Бонки Эсхата” мутаносибан дар сатҳи 11,31-11,33 сомонӣ, “Бонки Арванд” – 11,32-11,33 сомонӣ ва дар Аввалин бонки молиявии хурд – 11,30-11,33 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки аксарияти бонкҳои кишвар бо сабаби камёфтии доллар кайҳо инҷониб ин асъорро намефурӯшанд, вале бо майли том онро мехаранд.

Сомониро ба доллар танҳо дар якчанд бонкҳо иваз мекунанд ва он ҳам ба таври хеле маҳдуд – то 200 доллар ба 1 нафар.

Дар ҳамин ҳол, ҳамагӣ якчанд нафар дар як рӯз аз ин бонкҳо доллар гирифта метавонанд ва барои гирифтани он пешакӣ бояд дар навбат худро номнавис кард ва интизор мебояд шуд, ки кай даъват мекунанд. Ин кор якчанд рӯз тӯл кашида метавонад.

БМТ бо назардошти вазъият дар бозори ғайрибонкӣ, чанде пеш тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба долларро якбора ба андозаи 9,4% анҷом дод ва аз ин рӯ, ин бозор ду рӯз боз дар ҳолати интизорӣ қарор дорад.

Тибқи баъзе маълумот, аз дирӯз инҷониб саррофон (валютчикҳо)-и ғайриқонунӣ аз ивази доллар ба сомонӣ худдорӣ намуда, чӣ гуна минбаъд сурат гирифтани вазъиятро дар бозори асъор мунтазиранд.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли 2016 мубодилаи асъор дар Тоҷикистон танҳо дар муассисаҳои бонкӣ анҷом дода мешавад. То ин вақт қонунгузорӣ ба ҳама гуна шахси воқеӣ ҷиҳати кушодани нуқтаи мубодилаи асъор дар баробари бонкҳо ва дигар ташкилотҳо (шахсони ҳуқуқӣ) иҷоза медод.

Чор сол пеш дар қонунгузорӣ ҷазо барои баргузории амалиёт бо асъор дар нуқтаҳои ғайрибонкӣ то маҳрумият аз озоди ба муҳлати 9 сол бо мусодираи амвол сангинтар шуда, лекин бо вуҷуди ин, қисмати асосии асъор дар бозори ғайриоқонунӣ иваз мешавад.

Доллар дар “бозори сиёҳ” то тасҳеҳи дирӯзаи қурби расмии сомонӣ нисбат ба ин асъор 11,3-11,5 сомонӣ (барои 1 доллар) нарх дошт.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш, рӯзи 4 ноябр Бонки миллӣ тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ анҷом дода, онро якбора ба андозаи 9,3% – аз 10,33 сомонӣ то ба 11,3 сомонӣ барои 1 доллар тағйир дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.