Интихоботи ИМА: 6 раъйи дигар то пирӯзии Байден

Шумориши раъй пас аз анҷоми интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  идома дорад ва то кунун номзади демкоратҳо Ҷо Байден бо 264 раъй дар пеш аст. Ҳоло Трамп 214 раъй дорад ва тибқи низоми интихоботи амрико касе, ки баъди шумориши коллеҷи интихоботи 270 раъй ба даст овард, пирӯзи интихобот эълон мешавад.  Байден агар дар иёлати Невада […]

Шумориши раъй пас аз анҷоми интихоботи президентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  идома дорад ва то кунун номзади демкоратҳо Ҷо Байден бо 264 раъй дар пеш аст. Ҳоло Трамп 214 раъй дорад ва тибқи низоми интихоботи амрико касе, ки баъди шумориши коллеҷи интихоботи 270 раъй ба даст овард, пирӯзи интихобот эълон мешавад. 

Байден агар дар иёлати Невада пирӯз шавад, орои лозимро ба даст хоҳад овард. Доналд Трамп ба натиҷаҳои овоздиҳӣ дар баъзе иёлатҳо розӣ нест ва аллакай бо талаби бозшумории овозҳо ба додгоҳ муроҷиат кардааст.

Байден дар ду иёлати калидӣ пирӯз шуд ва дар ҳоли наздик шудан ба хатти поёнӣ аст. Аммо Трамп, ки баъди як давраи президентӣ барои бори дувум номзад аст ва таҳдид мекунад, ки натиҷаҳоро дар чанд иёлот дар додгоҳ ба чолиш мекашад.

Ҷо Байден изҳори итминон кард, ки пас аз хатми шумориши оро, вай дар интихобот пирӯз хоҳад шуд:

"Аммо ин на танҳо пирӯзии ман, балки пирӯзии мардуми Амрико хоҳад буд." Вай инчунин навишт, ки имрӯз давлати Трамп расман аз созишномаи иқлими Париж даст кашид, аммо "дақиқан 77 рӯз пас, давлати Байден дубора ба он мепайвандад".

Теъдоди орои мардум барои номзадҳо то ин лаҳза чунин аст:

Байден: 72077099

Трамп: 68600884

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.