БҶ: $400 млн талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон аз обхезӣ ва заминларза

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад, гуфта мешавад дар блоги директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук.

Ӯ қайд мекунад, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.

Ба сурати умум, таъкид месозад намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Бурунчук навиштааст, ки корти заминларзаҳои ҳармоҳа дар минтақа, ки “пур аз нуқтаҳои сурх аст”, касро ба ҳайрат меорад.

“Ба ҷуз заминларза, ҳамасола ба ин минтақа ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва тарма, обхезӣ ва беҳад болоравии ҳарорат низ таҳдид мекунанд”, – гуфтааст Лилия Бурунчук.

Дар мавод таъкид мешавад, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳамасола дар минтақа то 3 млн кас зиён мебинанд, ки нисфи онҳо дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд.

Қайд мешавад, ки кишварҳои минтақа баҳри ҳалли ин мушкилот як қатор тадбирҳо меандешанд, лекин дар сатҳи тамоми минтақа талошҳои бештар лозим аст.

“Ин натанҳо маълумоти оморист, балки онҳо одамоне ҳастанд, ки ҳалок мешаванд, наздикони худро аз даст медиҳанд, ҷароҳатҳои вазнин бардошта зарарҳои зиёд мебинанд”, – менависад ӯ.

Ӯ корҳо оид ба омодагӣ ба офатҳои таибиӣ ва вокуниши фавриро, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар минтақа гузаронида мешаванд, зикр намуда, лекин онро кофӣ намешуморад.

“Пандемияи COVID-19 натанҳо зарурати ҳамкории бештар зичу пурсамари кишварҳои минтақаро рӯйи кор овард, балки имконоти онро зиёдтар кард. Корҳои ошкор ва таҳқиқи пайдоиши хавфҳои гуногун сармоягузориҳои минбаъдаро тақозо мекунанд. Идомаи ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои коҳиш ё ба ҳадди пасттарин расонидани ин хавфҳо, аз ҷумла хатари пандемия, ки имкони такроршавии он дар оянда хеле баланд мебошад, зарур аст”, – гуфтааст Бурунчук.

Дар фарҷом ӯ илова кардааст, ки масъалаи идоракуниии офатҳои табиӣ бояд аз ҷумлаи афзалиятҳо боқӣ монад, то ки амният ва рушди минтақа, ки аз фарҳанги гуногун ва зебоиҳои табиат ғаниву ҷолиб аст, таъмин шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...