Байден манъи вуруди шаҳрвандони як қатор кишварҳои мусалмониро ба ИМА бекор карданист

Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки пас аз сари мансаб омадан як қатор фармонҳои президенти пешина Доналд Трампро бекор кунад. Ӯ дарҳол пас аз ба иҷрои вазифа шурӯъ намудан рӯзи 20 январ, як силсила фармонҳоро ба имзо расониданист, менависад ТАСС бо истинод ба газетаи The Washington Post. Ба иттилои манбаъҳои нашрия, президенти интихобшуда […]

Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден ният дорад, ки пас аз сари мансаб омадан як қатор фармонҳои президенти пешина Доналд Трампро бекор кунад.

Ӯ дарҳол пас аз ба иҷрои вазифа шурӯъ намудан рӯзи 20 январ, як силсила фармонҳоро ба имзо расониданист, менависад ТАСС бо истинод ба газетаи The Washington Post.

Ба иттилои манбаъҳои нашрия, президенти интихобшуда аз Ҳизби демократ дар нақша дорад, ки боз ба Созишномаи Париж оид ба иқлим ҳамроҳ шуда, аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хориҷ шудани ИМА-ро бекор кунад. Ӯ ҳамчунин метавонад манъи вуруди шаҳрвандони як қатор давлатҳои мусалмониро ба қаламрави ИМА бекор карда, барномаи дар ин кишвар боқӣ мондани одамонеро, ки дар синни кӯдакӣ ғайриқонунӣ ба ин кишвар оварда шудаанд, дубора барқарор созад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 ноябр дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маъракаи интихоботи президентӣ гузаронида шуд. Аз рӯйи натиҷаҳои он Ҷозеф Байден, номзад аз Ҳизби демократӣ президент ва ҳамсафи ӯ дар ҳизб Камола Харрис ноиби президент интихоб шуданд. Камола Харрис аввалин занест, ки чунин вазифаро дар ин кишвар ба дӯш мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.