Ифтитоҳи толори фирмавии Мегафон Тоҷикистон дар Сангвор

Иттилоияи расмӣ

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи  шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро дар ноҳияҳои кишвар идома медиҳад. Толори нави фирмавӣ дар маркази деҳаи Тавилдара кушода шудааст. Акнун сокинони деҳа, ки шумораашон беш аз 4 ҳазор мебошад, аз хизматрасонии ширкати  МегаФон Тоҷикистон истифода бурда метавонанд.    

«Пешниҳоди имкониятҳои қулай – яке аз омилҳои муҳимест, ки мо   ҳангоми рушди шабакаи хизматрасонӣ ба он аҳамият медиҳем. Аз ҳама мушкил – ин пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи шаҳрӣ ба маҳалҳои аҳолинишини хурд ба ҳисоб меравад.  Онҳо аз ҳам дар масофаи дур ҷойгиранд ва  бинобар ин қариб дар ҳар як маркази ноҳия кушодани толори фирмавии алоҳида зарурат дорад, ки ин  вақт ва маблағгузории калонро талаб менамояд.  Вале, бо пайдоиши ин гуна нуқтаҳо, муштариёни мо дигар барои рафтан ба ҷои дур ниёз надоранд. Ҳамин тариқ, қабл аз ифтитоҳи толор дар деҳаи Тавилдара, сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки ба ноҳияи Рашт барои дастраскунии хизматрасониҳои алоқа сафар намоянд ва ин хеле роҳи тӯлонӣ буд.  Акнун ҳама масъалаҳои бо хизматрасониҳои алоқа вобастаро дар маҳалли худ ҳал кардан мумкин аст», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ  Парвиз Давлатов.

Дар баробари кушодани толори фирмавӣ, муштариёни оператор имкон пайдо карданд, ки ҳангоми интихоби тарофаи муфид ё танзимкунии дастгоҳи мобилӣ бо мутахассисон машварат намоянд, бевосита бо намудҳои нави смартфонҳо шинос шаванд.  Ин ҳам барои сокинони деҳа ва ҳам барои сокинони маҳалҳои аҳолинишини атроф қулай мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...