Ифтитоҳи толори фирмавии Мегафон Тоҷикистон дар Сангвор

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи  шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро дар ноҳияҳои кишвар идома медиҳад. Толори нави фирмавӣ дар маркази деҳаи Тавилдара кушода шудааст. Акнун сокинони деҳа, ки шумораашон беш аз 4 ҳазор мебошад, аз хизматрасонии ширкати  МегаФон Тоҷикистон истифода бурда метавонанд.     «Пешниҳоди имкониятҳои қулай – яке аз омилҳои муҳимест, ки мо   ҳангоми рушди шабакаи […]

Аввалин оператори имкониятҳои нави рақамӣ инкишофи  шабакаи нуқтаҳои хизматрасонии мизоҷонро дар ноҳияҳои кишвар идома медиҳад. Толори нави фирмавӣ дар маркази деҳаи Тавилдара кушода шудааст. Акнун сокинони деҳа, ки шумораашон беш аз 4 ҳазор мебошад, аз хизматрасонии ширкати  МегаФон Тоҷикистон истифода бурда метавонанд.    

«Пешниҳоди имкониятҳои қулай – яке аз омилҳои муҳимест, ки мо   ҳангоми рушди шабакаи хизматрасонӣ ба он аҳамият медиҳем. Аз ҳама мушкил – ин пешниҳоди хизматрасониҳои сатҳи шаҳрӣ ба маҳалҳои аҳолинишини хурд ба ҳисоб меравад.  Онҳо аз ҳам дар масофаи дур ҷойгиранд ва  бинобар ин қариб дар ҳар як маркази ноҳия кушодани толори фирмавии алоҳида зарурат дорад, ки ин  вақт ва маблағгузории калонро талаб менамояд.  Вале, бо пайдоиши ин гуна нуқтаҳо, муштариёни мо дигар барои рафтан ба ҷои дур ниёз надоранд. Ҳамин тариқ, қабл аз ифтитоҳи толор дар деҳаи Тавилдара, сокинони маҳаллӣ маҷбур буданд, ки ба ноҳияи Рашт барои дастраскунии хизматрасониҳои алоқа сафар намоянд ва ин хеле роҳи тӯлонӣ буд.  Акнун ҳама масъалаҳои бо хизматрасониҳои алоқа вобастаро дар маҳалли худ ҳал кардан мумкин аст», – мегӯяд директори Раёсати минтақавии ширкати  «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ  Парвиз Давлатов.

Дар баробари кушодани толори фирмавӣ, муштариёни оператор имкон пайдо карданд, ки ҳангоми интихоби тарофаи муфид ё танзимкунии дастгоҳи мобилӣ бо мутахассисон машварат намоянд, бевосита бо намудҳои нави смартфонҳо шинос шаванд.  Ин ҳам барои сокинони деҳа ва ҳам барои сокинони маҳалҳои аҳолинишини атроф қулай мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.