Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 ба беш аз 94% расид

Date:

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 10 ноябр 11 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 58 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 711 нафар ё худ 94,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба зиёда аз 50 млн нафар расид.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори рекордии сироятёфтагон – 581,6 ҳазор нафарро дар як шабонарӯз ба қайд гирифта, аз оғози пандемия беш аз 1,2 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...