Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 ба беш аз 94% расид

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 10 ноябр 11 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад. Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст. Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз […]

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то субҳи рӯзи 10 ноябр 11 ҳазору 376 нафарро ташкил медиҳад.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Ба иттилои манбаъ,шумори шифоёфтагон 58 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 711 нафар ё худ 94,1%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, теъдоди умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон ба зиёда аз 50 млн нафар расид.

Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори рекордии сироятёфтагон – 581,6 ҳазор нафарро дар як шабонарӯз ба қайд гирифта, аз оғози пандемия беш аз 1,2 млн кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.