Пешниҳоди ВКХ доир ба онлайн-фурӯши билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Русия

Asia-Plus

Аз имрӯз билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон ба фурӯши озод бароварда шуданд. Ин қарор бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус қабул шуд.

Ҳамзамон дар робита ба дигар зарурат надоштани таҳияи рӯйхатҳои шаҳрвандон ба парвозҳо, кори комиссияҳои махсус, ки дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия фаъолият доштанд, боздошта мешаванд, хабар медиҳад ВКХ Тоҷикистон.

“Ҳамватанон аз нуқтаҳои расмии фурӯши билетҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия билет харида метавонанд. Вазорат бо дархости дар фурсатҳои кӯтоҳтарин роҳандозӣ намудани низоми онлайн-фурӯши билетҳо ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ муроҷиат кард”, – қайд мешавад дар хабар.

Ёдрас мекунем, ки нархи билет ба парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шудааст. Парвозҳоро ширкати “Сомон Эйр” аз шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Уфа, Краснодар, Екатеринбург, Красноярск, Иркутск, Новосибирск ва Сургут анҷом медиҳад. Билетҳо тариқи нуқтаҳои расмӣ фурӯхта мешаванд.

Ҳамватаноне, ки ба Тоҷикистон бармегарданд бояд бо худ ҳатман маълумотномаи гирифтор набудан ба COVID-19-ро дошта бошанд, ки на пештар аз 96 соат (4 шабонарӯз)-и расидан ба Тоҷикистон гирифта шуда бошад.  Кӯдакони то сесола аз доштани ин гуна маълумотнома озоданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии “Financial Times” гуфтааст, ки қасд дорад “нафти Эронро дар ихтиёр гирад” ва мумкин аст ҷазираи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.