Ифтитоҳи сомона барои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон Istemol.Tj

Asia-Plus

Акнун ҳар кадоме аз мо тариқи онлайн метавонад оид ба маҷмӯи масъалаҳои гуногун ройгон машварат гирад.

Тӯли зиёда аз 18 сол Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон ба ҳифзи ҷамъиятии ҳуқуқҳои истеъмолгарон машғул аст. Сар аз соли 2003 ин ташкилот маркази машваратӣ оид ба қабули муроҷиати шаҳрвандон – истеъмолгаронро боз намуд, ки тариқи он наздики 5 ҳазор истеъмолгарон аз кумаки зарурии ҳуқуқӣ баҳравар шуданд.

Дар ин давра Иттифрқ корҳои зиёдеро ба сомон расонид. Фаъолият дар мавриди ҳифзи амалии ҳуқуқҳои истеъмолгарон бо тартиби тосудӣ ва судӣ, инчунин дар марҳилаи истеҳсолоти иҷро мунтазам дастгирӣ мешуд.

Ҳуқуқҳои ҳазорон истеъмолгарон дар баррасии масоили гуногун ҳифз шуданд: техникаи маишии пастсифат, мебел, маҳсулоти ғизоӣ, сарулибос, хизматрасониҳои сайёҳӣ ва тиббӣ, хизматрасониҳо дар сафарҳои ҳавоӣ, тайёр кардани мебел, таъминот бо барқу об, хизматрасониҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна ва ғайра.

Давоми фаъолияти худ Иттифоқ ҷиҳати ба истеъмолгарон баргардонидани зиёда аз 1 млн доллар маблағ кумак кард, ки барои молу маҳсулот ё хизматрасонии пастсифат пардохт шуда буданд.

Акнун имрӯз Иттифоқ сомонаи худро ба кор медарорад, ки тавассути он ҳар як истеъмолгар дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумоти зарурӣ дарёфт намуда, ҳамчунин барои машварату кумаки ҳуқуқӣ муроҷиат карда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...