Марги як хонандаи ғолиби “Фурӯғи субҳи доноӣ” аз илтиҳоби шуш

Замира Муҳамадсафар, хонандаи синфи 8-и мактаби  миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Ёвон, ки дар озмуни вилоятии "Фуруғи субҳи донои китоб аст" аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм шуда буду,   ба  марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буд, аз илтиҳоби шуш даргузаштааст. Наздиконаш мегӯянд, мутаассифона ба Замира Маҳмадсафар иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ насиб накард. Ӯ тайи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Замира Муҳамадсафар, хонандаи синфи 8-и мактаби  миёнаи умумии рақами 13-и ноҳияи Ёвон, ки дар озмуни вилоятии "Фуруғи субҳи донои китоб аст" аз номинатсияи адабиёти бачагона сазовори ҷойи сеюм шуда буду,   ба  марҳилаи ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифта буд, аз илтиҳоби шуш даргузаштааст.

Наздиконаш мегӯянд, мутаассифона ба Замира Маҳмадсафар иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ насиб накард. Ӯ тайи чанд рӯзи охир аз бемории илтиҳоби шуш азият кашида, рӯзи 16 ноябр аз олам чашм пӯшид.

Бояд гуфт, ки Замира Маҳмадсафар ҳамчунин маъюб буд ва дар ҷамъбасти озмуни вилоятӣ аз сӯйи раиси вилоят барояш аробачаи маъюбӣ туҳфа карда шуд.

Ба гуфти масъулони шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон, Замира дар озмуни ноҳиявӣ ҷои аввалро соҳиб шуда буд.

Баъди озмуни вилоятӣ, барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омодагӣ медид. Мутаассифона, насиби иштирокаш набудааст ва дирӯз, яъне 16 ноябр Замираро ба хок супурдем,-гуфтанд аз шуъбаи маорифи ноҳия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.