“Зӯрамон намерасад”. Тоҷикматлубот ба бахшҳояш дар Суғд маблағ надод.

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилояти Суғд аз он нигарон аст, ки дар як вазъи болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ, наметавонад дар танзими нархи бозор саҳм гузорад. Масъулини ин ҷамъият мегӯянд, дар сурати аз буҷет ҷудо гардидани маблағ, онҳо имкони захираи маҳсулотро доштанд.

Иброҳим Мутуллозода, раиси Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки имсол ҳамагӣ беш аз 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира кардаанд, ки барои аҳолии ин вилоят басанда нест. Вай мегӯяд, бо захираи  200 тонна пиёз, 103 тонна картошка, 20 тонна себ чӣ тавр дар поён бурдани нархи бозор саҳм  гузорем? Ин дар ҳолест, ки бинобар набуди буҷет то ҳол маблағи маҳсулоти соҳибкороне, ки ба ин иттифоқ маҳсулот додаанд, пардохт нашудааст. Ду сол қабл "Тоҷикматлубот" беш аз 200 ҳазор сомонӣ барои бахшҳояш дар Суғд маблағ ҷудо карда буд, аммо имсол ҷудо накард.

“Мо танҳо бо маблағҳои мутамаркази Тоҷикматлубот маҳсулоти кишоварзӣ захира мекунем, ки дар ин кор соҳибкорон ёрӣ мерасонанд. Имсол вазъи молиявии мо мушкил аст. Ду сол инҷониб “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо намекунад ва имсол низ ҷудо накард. Қаблан тариқи имтиёз ба мо маблағ медод ва дар шаш моҳ онро бармегардонидем. Агар “Тоҷикматлубот” маблағ ҷудо мекард,  ҳоло вазъ то ба ин дараҷа намерасид. Баъди он ки дар шаҳри Душанбе сардхонаи 1,5 ҳазор тоннаӣ сохтанд “Тоҷикматлубот” ба захираи маҳсулот дар пойтахт рӯй овард”.

Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот дар вилояти Суғд худмаблағгузор аст ва ба гуфти Иброҳим Мутуллозода, бо даъвати ҳукумат ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ороставу то 20-30 фоиз арзонтар аз нархи бозор маҳсулоти худро мефурӯшанд, ки он ҳам танҳо як рӯз аст. Раиси ин ниҳод мегӯяд, агар дар захира маҳсулот дошта бошанд, бо вуҷуди ҷаҳиши нархи бозор, онҳо фоида ҳам набинанд, зиён намекунанд.

“Мо ҳамаи аҳолии Суғдро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда наметавонем, зӯрамон намерасад. Танҳо 0,1% гардиши маҳсулоти Суғдро таъмин карда метавонему халос. Барои ба пуррагӣ таъмин кардан, бояд ба мо маблағи имтиёзии бефоиз ҷудо гардад. Агар маблағ ҷудо гардад, мо ба ҷон ҳамаи маҳсулоти кишоварзиро захира мекунем.  Ҳоло ҳам то қадри имкон саҳми худро барои поён кардани нархи маҳсулот гузошта истодаем, ки фақат тариқи ярмаркаҳо аст”, – мегӯяд ӯ. 

Давоми чанд моҳи охир нархи маҳсулоти хӯрока дар вилояти Суғд якбора ҷаҳид ва боиси нигаронии сокинон низ гаштааст. Сокинон бештар аз танзим нашудани нархи маҳсулот дар бозор шикоят доранд. Аммо Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот, ки замоне иқтидори то ҷое танзими нархи маҳсулот бо захираҳои бузургашро дошт, аз он нигарон аст, ки бо далели ҷудо нашудани маблағ аз ҷониби Тоҷикматлубот, наметавонанд бо нархҳои ҷаҳандаи бозор рақобат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...