Русия рӯбандаҳоро мепазирад, аммо дар дорухонаву бозорҳо иҷоза намедиҳад

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи тасдиқи ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 қарор ба имзо расонид. Қарор дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст. Дар ин санад ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он маъмулан муҳоҷирони меҳнатӣ машғули коранд, дақиқ муайян карда мешавад. […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар бораи тасдиқи ҳиссаи иҷозашудаи коргарони хориҷӣ дар фаъолиятҳои ҷудогонаи иқтисодӣ барои соли 2021 қарор ба имзо расонид. Қарор дар интернет-портали расмии маълумоти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар ин санад ҳиссаи қувваи кирояи хориҷӣ барои як қатор навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, ки дар он маъмулан муҳоҷирони меҳнатӣ машғули коранд, дақиқ муайян карда мешавад.

Соли 2021 ҳиссаи иҷозашудаи кормандони хориҷӣ дар соҳаҳои парвариши сабзавот ва истеҳсоли мебел, инчунин ҷангалпарварӣ ва коркарди чӯбу тахта 50% ва нақлиёти боркаши мусофирбари заминӣ ва автомобилӣ – 24% аз шумори умумии кормандонро ташкил хоҳад дод.

Дар соҳаи сохтмон 80% ҳисса ҷудо шуда, дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки ҳиссаи ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирон дар Бурятия, Доғистон, вилояти Амур ва Маскав амал намекунад. Барои Доғистон он дар сатҳи 50% муайян шудааст.

Дар мағозаҳои махсуси савдои чаканаи машрубот бо шумули оби ҷав (пиво) ва маснуоти тамоку ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар сатҳи 15% аз шумори умумии коргарон муқаррар шудааст.

25% – ҳиссаи иҷозашуда барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар бахшҳои варзиш ва дигар соҳаҳо мебошад.

Дар идоракунии амволи ғайриманқул бо пешниҳоди мукофотпулӣ ё бар асоси шартнома, инчунин дар соҳаи Хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК) оид ба хизматрасонӣ дар биноҳо ва қаламрав ба муҳоҷирон 70% ҳисса аз шумори умумии коргарон ҷудо шудааст.

Соли оянда ба муҳоҷирон дар дорухонаҳо, иншооти сайёри савдо ва бозорҳо, инчунин савдои чакана дар ҳудуди берун аз мағоза, хаймаҳо ва бозорҳо ҷойҳои корӣ ҷудо нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.