Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии соли 2021-ро қабул кард

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 18 ноябр лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021»-ро қабул намуд.

Зимни шарҳи лоиҳаи қонун ба вакилон вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода қайд кард, ки ҳаҷми умумии даромади буҷет дар соли 2021 ба маблағи 27,6 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст, дар муқоиса бо буҷети соли ҷорӣ 1,6 млрд сомонӣ ё худ ба андозаи 6,1% зиёдтар аст.

Афзоиши даромади буҷетро ӯ дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, зиёд кардани ҷамъоварии андозҳои асосӣ (ААИ, аксиз, андоз аз даромад), инчунин таъмини афзоиши воқеии иқтисод ва муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ маънидод кард.

Даромадҳо аз пардохти андоз ба маблағи 18,8 млрд сомонӣ муқаррар шудаанд, ки зиёда аз 68% аз ҳаҷми умумии даромади буҷетро ташкил медиҳад. Даромадҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,4 млрд сомонӣ ва грантҳо – 300 млн сомонӣ пешбинӣ шудаанд.

Хароҷоти буҷет барои соли 2021 дар ҳаҷми 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети имсолаи тасдиқшуда 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.

Хароҷот ба соҳаҳои иҷтимоӣ ба маблағи 13,2 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ба 47% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет баробар аст.

Аз ҷумла, соли оянда аз буҷет ба соҳаи маориф ҷудо гардидани беш аз 5,6 млрд сомонӣ (афзоиш нисбат ба буҷети имсола – 592 млн сомонӣ), тандурустӣ – 2,3 млрд сомонӣ (афзоиш – 509 млн сомонӣ), бахши ҳифзи иҷтимоӣ – 4,2 млрд сомонӣ (афзоиш – 262 млн сомонӣ), соҳаи маориф ва варзиш – 1,1 млрд сомонӣ (афзоиш- 70 млн сомонӣ) пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории буҷетӣ ба Хоҷагии манзилию коммуналӣ 1,3 млрд сомонӣ, комплекси сӯзишворӣ ва энергетика – 3,8 млрд сомониро ташкил дода, аз ҷумла ба мисли соли пешин 1,2 млрд сомонӣ ба идомаи сохтмони неругоҳи Роғун равона мегардад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ яке аз санадҳоест, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бе тасдиқи аъзои палатаи болоии парлумон барои имзо ба президент пешниҳод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...