Тағйироти кадрӣ: Шерхон Салимзода ва раисони чанд шаҳр аз мансаб рафтанд…

Шерхон Салимзода, директори Агентии  назорати маводи нашъовари  назди Президенти Тоҷикистон  аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода директори ин агентӣ таъин шудааст. Хабари аз мақом барканор шудани Шерхон Салимзодаро як манбаъ дар Агентии назорати маводи нашъаовар ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Гуфта мешавад Шерхон Салимзода ба далели расидан ба синни нафақа […]

Шерхон Салимзода, директори Агентии  назорати маводи нашъовари  назди Президенти Тоҷикистон  аз мақомаш барканор ва ба ҷойи ӯ додситони вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидзода директори ин агентӣ таъин шудааст.

Хабари аз мақом барканор шудани Шерхон Салимзодаро як манбаъ дар Агентии назорати маводи нашъаовар ба "Азия-Плюс" таъйид кард. Гуфта мешавад Шерхон Салимзода ба далели расидан ба синни нафақа аз мақомаш барканор шудааст.

Ҳамчунин дар шабакаи фейсбук бархе аз корбарон Адҳам Маъмурзода, як корманди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистонро барои таъин шудан ба мақоми раиси шаҳри Истаравшани вилояти Суғд табрик кардаанд. Гуфта мешавад раиси пешини шаҳри Истаравшан Амирхон Қурбонзода муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъин шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон то кунун дар бораи ин тағйирот маълумоте пешниҳод накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.