Коронавирус: парвозҳо ба Дубай кам шуданд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии fly Dubai  анҷоми парвозҳо дар ду хатсайр – рӯзи шанбе аз Душанбе ба Дубай ва рӯзи ҷумъа аз Дубай ба Душанберо бекор кард. Акнун парвоз тариқи ин хатсайр дар як ҳафта як маротиба – рӯзи сешанбе аз Дубай ба Душанбе ва рӯзи чоршанбе бозпас анҷом дода мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус бо мақсади пешгирии паҳншавӣ ва хуруҷи мавҷи дуюми сироят, ки айни замон дар саросари дунё ба мушоҳида мерасад, чунин тасмим гирифт”, – изҳор дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, ин тасмим муваққатӣ аст ва бо ба эътидол омадани вазъ қарор бекор шуда, парвозҳо бо ҷадвали пешина анҷом дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки як парвоз аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр” ва парвози дуюм аз ҷониби ширкати fly Dubai иҷро карда мешавад.

Хатсайри Душанбе-Урумчӣ кай барқарор мешавад?

Икром Субҳонзода ҳамчунин дар бораи барқарор шудани хатсайри ҳавоии мунтазам байни Тоҷикистону Чин изҳори назар кард.

“Тоҷикистон ба барқарор намудани парвозҳо омода аст ва Чинро дар ин бора огаҳ кард. Мо намояндаи ширкати ҳавопаймоии «China Southern Airlines»-и Чинро даъват карда, омодагиамонро ба барқарор кардани парвозҳо изҳор ва барои иҷрои 1 парвоз дар 1 ҳафта иҷоза додем. Пешниҳоди мо то ҳол аз ҷониби Чин баррасӣ мешавад”, – қайд кард Икромзода.

Субҳонзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба иҷрои парвоз бо хатсайри Душанбе-Тошканд низ омода буда, тасмими Ӯзбекистонро дар ин масъала интизор аст.

Зимнан зикр шуд, ки масъалаи барқарор намудани алоқаи мунтазами ҳавоӣ бо Русия то ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...