Соли 2020 Тоҷикистон ба киҳо чӣ маҳсулот фурӯхт?

Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 253 млн сурат гирифтааст, ки 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон. Сарфи назар аз афзоиши назарраси ҳаҷми содирот дар соли равон, он то ҳоло нисбат ба воридот […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 253 млн сурат гирифтааст, ки 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Сарфи назар аз афзоиши назарраси ҳаҷми содирот дар соли равон, он то ҳоло нисбат ба воридот қариб 2 баробар камтар аст.

Гурӯҳи асосии молу маҳсулот дар сохтори имсолаи содироти ҷумҳурӣ фулузот (металл)-у сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо мебошанд. Содироти ин навъи маҳсулот даволми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 690 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 3,1 баробар зиёд буда, 55% аз ҳаҷми умумии содирот дар соли равонро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи нисбатан зиёдро дар сохтори содирот инчунин маҳсулоти минералӣ (семент, маъдану консентрат, ангишт, неруи барқ) – 222 млн доллар, фулузоти арзон ва маснуот аз он – (алюминий ва маснуот аз он) – 154 млн доллар, маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ – 141 млн доллар ишғол мекунанд.

Чор гурӯҳи молу маҳсулоти дар боло зикршуда ба 96,4% дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ баробар буда, аз ҳисоби фурӯши дигар навъи маҳсулот ҳамагӣ 46 млн доллар (3,6%-и содирот) даромад ба даст омадааст.

Бозори асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Швейтсария ба шумор меравад, ки 55% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар ин давра ба он рост меояд. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба Швейтсария дар зарфи 10 моҳ 694 млн долларро ташкил додааст, ки 3 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳамчунин молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол ба миқдори начандон зиёд ба Туркия (13,4% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (9,2%), Ӯзбекистон (5,4%), Афғонистон (4,8%), Русия (2,4%), Чин (2%) ва Белгия (1,9%) содирот шудааст.

Аз оғози соли равон Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 44 кишвари саросари дунё молу маҳсулот содирот кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.