Гранти БОР ба таҷдиди низоми мониторинги кӯли Сарез

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон оид ба таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоту воситаҳо барои таҷдиди низоми мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар кӯли Сарез қарордод ба имзо расонид. Қарордод қисмате аз Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии  рушд (БОР) дар ҳаҷми 10 млн доллар маблағгузорӣ мешавад. […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон оид ба таҳвил, насб ва ба истифода додани таҷҳизоту воситаҳо барои таҷдиди низоми мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар кӯли Сарез қарордод ба имзо расонид.

Қарордод қисмате аз Лоиҳаи миллӣ оид ба идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ мебошад, ки аз ҳисоби гранти Бонки осиёии  рушд (БОР) дар ҳаҷми 10 млн доллар маблағгузорӣ мешавад.

Қарордод ба маблағи 750 ҳазор доллар бо ширкати KS-Group Limited Liability Partnership-и Қазоқистон баста шуд, ки дар озмуни тендерии кушоди БОР интихоб карда шуд.

Таъмингари таҷҳизот инчунин оид ба тарзи кор бо таҷҳизоти нав, ки ба истифода доданаш моҳи июли соли 2021 дар назар аст, машғулиятҳо мегузаронад.

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст.

Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.