Қоидаҳои супурдани имтиҳон аз забони русӣ ва таърих барои муҳоҷирон иваз мешаванд

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар Русияро доранд, қоидаҳои нави супурдани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия муқарррар карда мешавад, хабар медиҳад «Российская газета». Думаи давлатии Русия лоиҳаи ин қонунро қабул карда, акнун онро бояд Шӯрои Федератсия ва президенти Русия тасдиқ намоянд. Мувофиқи лоиҳаи қонун, сатҳи душвории имтиҳонҳо минбаъд ба мақсади […]

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки хоҳиши кору зиндагӣ дар Русияро доранд, қоидаҳои нави супурдани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия муқарррар карда мешавад, хабар медиҳад «Российская газета».

Думаи давлатии Русия лоиҳаи ин қонунро қабул карда, акнун онро бояд Шӯрои Федератсия ва президенти Русия тасдиқ намоянд.

Мувофиқи лоиҳаи қонун, сатҳи душвории имтиҳонҳо минбаъд ба мақсади ҳузури шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Русия вобаста хоҳад буд.

Инчунин муҳлати амали сертификат ба ҳадафи гирифтани ин санад вобаста хоҳад буд. Агар шаҳрванди хориҷӣ санади Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП), иҷозатномаи кор ё патент гирифтанӣ бошад, сертификат ба муҳлати се сол дода мешавад. Агар он барои гирифтани Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) дода шавад, ба муҳлати номаҳдуд дода мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, дар саҳи федералӣ шакл ва тартиби баргузории имтиҳонҳо, инчунин талабот ба сатҳи задди ақали дониш муқаррар карда мешавад. Ғайр аз ин, ҳукумат тарзи ҳисоби арзиши хизматгузориҳоро оид ба супурадни имтиҳонҳо муайян мекунад.

Боз дар як меъёр пешбинӣ мешавад, ки минбаъд шаҳрвнадон зимни истифода аз хизматрасонии давлатӣ метавонанд дигар ин сертификатро пешниҳод накунанд, зеро маълумоти дар сертифкат зикршуда ба низоми иттилоотии федералӣ дохил карда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.