Тоҷикистону Корея ифтитоҳи Дафтари Агентии KOTRA-ро дар Душанбе баррасӣ карданд

Дар Сеул зимни сафари расмӣ рӯзи 25 ноябр мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва  баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор доданд. Ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, […]

Дар Сеул зимни сафари расмӣ рӯзи 25 ноябр мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Канг Кюнг-ва  баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, инчунин тавсеа ва таҳкими заминаҳои шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва муҳоҷирати корӣ таъкид шуд.

Дар анҷом байни вазоратҳои корҳои хориҷи Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2021-2023 имзо шуд.

Ҳамин рӯз Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея Пюнг-о Квон мулоқот намуда, дар ҷараёни он ҷонибҳо роҷеъ ба  ҷалби сармоя, афзун намудани тиҷорати дуҷониба, таъсиси Дафтари KOTRA (Агенти мусоидат ба тиҷорат ва сармоягузории Корея) дар Душанбе, инчунин роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.

Аз ҷониби Тоҷикистон даъват гардид, то ҳузури доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кореӣ дар кишвари мо фаолтар гардида, ба манзури таҳкими робитаҳои корӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санадҳои ҳамкории лозим ба имзо расонида шаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.