Рустами Эмомалӣ ва Матвиенко ба ҳамдигар чӣ гуфтанд?

Шоми дирӯз нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав ба сифати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба анҷом расид. Дар вохӯрӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Рустами Эмомалӣ муҳимияти робитаҳо байни парлумонҳои ҳар ду кишвар, инчунин рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русияро, ки самти махсуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, таъкид […]

Шоми дирӯз нахустин сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Маскав ба сифати раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ба анҷом расид.

Дар вохӯрӣ бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия Рустами Эмомалӣ муҳимияти робитаҳо байни парлумонҳои ҳар ду кишвар, инчунин рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русияро, ки самти махсуси сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст, таъкид намуд.

Зимни ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия иштирок карда, бо муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук, муовини якуми Раиси Думаи давлатии Русия Александр Жуков ва раиси шаҳри Москва Сергей Собянин дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни вохӯриҳо ҷонибҳо бобати баргузории Ҷашнвораи ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Маскав, идомаи баррасии лоиҳаи таъсиси Гӯшаи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқ (ВДНХ) ба мувофиқа расида, Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2013-ро ба имзо расониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.