Ҷузъиёти даҳшатбори ҳодисае, ки зане чор фарзандашро кушт

Сайраҳмон Назриев, “Азия-Плюс

Додгоҳи вилояти Хатлон ба баррасии парвандаи Назокатхон Тоирова, зане, ки рӯзи 9-сентябр дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон чор фарзандашро дар манизили зисташ бо роҳи нафасгир кардан кушта буд, оғоз кард.

Дар мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Назокатхон Тоирова айбнома эълон шуд. Бино ба ҷузъиёти тафтишоти пешакии қазия,  муайян шудааст, ки Назокатхон Тоирова нимаи рӯзи 9-сентябр бо мақсади аз байни бурдани фарзандонаш бо баҳонаи бозии пинҳоншавак аввал писари калонӣ ва сипас ду фарзанди дигараршро ба ҳуҷрае даъват карда, бо як бераҳмии гӯшношунид мекушад (ҷузъиёти қазия дар дасти "Азия-плюс" ҳаст, вале бино ба назокатҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ аз нашри онҳо худдорӣ мешавад).  Назокатхон Тоирова фарзанди хурдияшро дар гаҳвора нафасгир мекунад ва баъдан ҷасадашро бо дигар фарзандонаш якҷо мегузорад.

Баъди ин ба хотири худкушӣ кардан Назокатхон Тоирова даҳ дона ҳаби димедрол хӯрда, санадҳои хонаводагияшро оташ мезанад. Бино ба сабаби истеъмоли димедрол аз ҳуш меравад, аммо оташ сарфи назар аз иродаи ӯ хомӯш мешавад.

Баъдан, Тоирова ба ҳуш омада, ба ШВКД дар шаҳри Бохтар рафта ба ҷинояти содиркардааш иқрор мешавад. Тавре дар ҷаласаи додгоҳӣ гуфта шуд, дар рафти тафтишоти пешакӣ гуноҳи номбурда пурра исботи худро ёфтааст. Худи гумонбар ҳам баъди қироъати айбнома  ба ҷинояти содиркардааш иқрор шуд.

Маҳмадҷон Тоиров, шавҳари Назокатхон Тоирова дар ҷаласаи додгоҳӣ зикр кард, ки рӯзи 8-уми сентябр ду фарзанди калониаш дар хонаи хушдоманаш буданд. Занаш ҳангоми ба кор рафтанаш гуфтааст, ки рафта фарзандонашро аз хонаи модараш меорад. Ҳамин тариқ рӯзи 8 -сентябр Назокатхон хонаи модараш меравад, вале бегоҳ барнамегардад.

“Рӯзи 9-уми сентябр вақте ба кор рафтам онҳо ҳоло наомада буданд. Баъди нисфирӯзӣ дар як сохтмон кор мекардам, ки омада ба ман гуфтанд писарат нотоб шудаасту тез ба хонаат рав. Вақте хона омадам, чор фарзандамро дар рӯи ҳавлӣ беҷон дидам. Ман намедонам, ки чаро Назокатхон чунин кард”- гуфт Маҳмадҷон Тоиров.

Маҳмадҷон дар додгоҳ гуфт, ки ҳамсарам фарзандонамонро хуб парасторӣ мекард. “Ҳамеша онҳоро нигоҳубин мекард, бо фарзандони мактабхонам дарс таёр мекард, сару либосашонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ медошт. Боре надида будам, ки кӯдаконро ҷанҷол карда бошад. Муносибатҳои оилавиамон низ хуб буд. Мо се моҳ боз аз бародаронамон ҷудо шуда, дар хонаи навсохтаи худамон зиндагӣ мекардем. Аз чизе камбудӣ надоштем”, – қайд кард Маҳмадҷон Тоиров.

Ҳодисаи кушта шудани 4 фарзанди ноболиғ аз сӯйи модари худ дар Тоҷикистон як ҳодисаи камназир буда, қазияи Назокатхон Тоирова сару садоҳои зиёде дар ҷомеа барпо кард. Баъди сар задани ин ҳодиса Назокатхон Тоироваро ба Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ равон карданд, то ҳолати равонияш дақиқ карда шавад.

Мутахассисони ин беморхона вазъи Назокатхон Тоироваро аз назари равонӣ саломат арзёбӣ карданд, ки баъдан муфаттиш нисбати ӯ бо модаи 104 қисми 2 КҶ ҶТ парванда боз кард.

Мурофиаи додгоҳӣ ба далели баррасии ҷузъиёти дигари қазия, таҳти раёати додраси Додгоҳи вилояти Хатлон Неъмат Мирзозода давом мекунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.