Оғози кори намоишгоҳи онлайнии «Made in Tajikistan-2020»

Рӯзи 26 ноябр маросими расмии оғози кори Аввалин Намоишгоҳи анъанавии «Made in Tajikistan-2020» тариқи онлайн доир гардид. Дар ин маросим тариқи онлайн намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, шарикони рушд, бахши хусусӣ, инчунин  ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ширкат варзиданд. Дар оғози кори маросими мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо сухани шодбошӣ ба ҳозирин […]

Рӯзи 26 ноябр маросими расмии оғози кори Аввалин Намоишгоҳи анъанавии «Made in Tajikistan-2020» тариқи онлайн доир гардид. Дар ин маросим тариқи онлайн намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, шарикони рушд, бахши хусусӣ, инчунин  ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози кори маросими мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо сухани шодбошӣ ба ҳозирин муроҷиат намуд.

Раиси Палата зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳадафи асосии ин намоишгоҳ, пеш аз ҳама, иҷрои вазифаҳое мебошад, ки дар назди Палатаи савдо ва саноат Тоҷикистон гузошта шудаанд ва ин вазифаҳо дар Паёми навбатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон садо дода буданд.

Ин намоишгоҳ ба таблиғи маҳсулоти тавлидкунандагони тоҷик дар бозорҳои хориҷӣ, рушди иқтидори содиротӣ, кушодани бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, тавсеаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва хизматрасониҳои беш аз 150 ширкат дар соҳаҳое ба монанди саноати хӯрокворӣ ва сабук, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, ҳунармандиву косибӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мешаванд.

Дар доираи намоишгоҳ баргузории вохӯриҳои BxB, инчунин мизҳои мудаввар бо иштироки тоҷирони чаканафурӯш (ритейлерҳо)-и кишварҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки намоишгоҳ аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 доир гардида, ҷараёни баргузории он дар сомонаи WWW.EXPOTAJIKISTAN.TJ пешниҳоду пахш мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.