“Меҳмонон” аз Душанбе ба ғорати НФС дар Суғд даст заданд

Ғоратгарон ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Аҳмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарафтодаанд. Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо ба бинои НФС ворид шуда, хаиначии нуқтаро лату кӯб ва 1800 сомонӣ пули дар хазина бударо ғорат кардаанд. Ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 20 октябр рух дода буд. Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи […]

Ғоратгарон ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) воқеъ дар кӯчаи Фатҳулло Аҳмедови ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дарафтодаанд.

Тавре ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, онҳо ба бинои НФС ворид шуда, хаиначии нуқтаро лату кӯб ва 1800 сомонӣ пули дар хазина бударо ғорат кардаанд.

Ҳодиса субҳи барвақти рӯзи 20 октябр рух дода буд. Дар доираи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯи гурӯҳи сафарбашудаи оперативӣ аз ҳисоби кормандони ШКҶ Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо гузашти як ҳафта аз рӯзи ҳодиса изи афроди дар ҷиноят гумонбарро пайдо намуданд.

Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят шаҳрвандон Маъруфов Аҳмад Маъруфович, соли таваллудаш 1996, Саидов Мустақим Саидаҳмадович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Мирзоев Самандар Рамазонович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дастгир карда шуданд.

Тавре дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, боздоштшудагон қаблан таҷрибаи бойи ҷинояткорӣ доштанд.

Аҳмад Маъруфов соли ҷорӣ барои дуздӣ суд шуда, ҳаммаслакони ӯ Мустақим Саидов ва Самандар Мирзоев дар Федератсияи Россия бо ҷурми роҳзанӣ ва ғоратгарӣ маҳкум шудаанд.

“Ҳадафи ба даст овардани пули муфт ва аз ин ҳисоб машғул шудан ба айшу ишрат ва сайругашт онҳоро ба вилояти Суғд овардааст. Ва гумон доштанд, ки нақшаашонро амалӣ сохта, амалу рафтори ғайриқонуниро идома медиҳанд, – омадааст дар маълумоти ВКД. – Ғоратгарӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Газойл» қадами аввалини онҳо буд, ҳарчанд ба мақсад расиданд, аммо ҷинояти содирнамуда озодию осоиштагии онҳоро барҳам зад”.

Гуфта мешавад, гумонбаршудаҳо ҳар кадоме вазифаи худро иҷро намудааст: назоратчӣ, ҳамлагар ва ғораткунанда се вазифаест, ки онҳо байни ҳам тақсим кардаанд ва маблағи тасарруфшуда низ ҳамин гуна се тақсим шудааст.

Зикр мегардад, ки нисбати иттифоқи сегона тибқи талаботи қисми 2 моддаи 248 Кодекси ҷиноятӣ (ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Меъёри моддаи мазкур ҷазои ҳабсиро аз 5 то 10 сол пешбинӣ намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.