Туркия карантинро шадид ва соати комендантӣ ҷорӣ кард

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки тадбирҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар шадидтар мешаванд, менависад хабаргузории “Анадолу”, ки 112.ua ба он истинод меорад. Ба ин тариқ, аз имрӯз, 1 декабр фаъолияти ҳаммому сауна, ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ дар Туркия боздошта шуда, воридшавӣ ба марказҳои савдо танҳо ба миқдори муайяни шахсон ва […]

Asia-Plus

Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълом дошт, ки тадбирҳои мубориза бо паҳншавии коронавирус дар кишвар шадидтар мешаванд, менависад хабаргузории “Анадолу”, ки 112.ua ба он истинод меорад.

Ба ин тариқ, аз имрӯз, 1 декабр фаъолияти ҳаммому сауна, ҳавзҳои шиноварӣ ва толорҳои варзишӣ дар Туркия боздошта шуда, воридшавӣ ба марказҳои савдо танҳо ба миқдори муайяни шахсон ва он ҳам бо рамз (код)-и рақамӣ иҷоза дода мешавад.

Гуфта мешавад, акнун дар тамоми қаламрави кишвар ҳамарӯза аз соати 21:00 то 05:00 соати комендантӣ амал намуда, аз соати 21:00-и шоми рӯзи ҷумъа то соати 05:00-и субҳи рӯҳи душанбе аз хона ба берун баромадан пурра манъ мешавад.

Ба гуфтаи Эрдуғон, амали соати комендантӣ ба кормандони як қатор соҳаҳо, аз ҷумла истеҳсолот, таъминот, бахшҳои тандурустӣ ва кишоварзӣ дахл надорад.

Зикр мегардад, ки бозору мағозаҳои хӯрокворӣ, дӯконҳои фурӯши гӯшт ва сабзавот дар рӯзҳои истиороҳат низ хизматгузориҳои расонидани маҳсулот ба хонаро анҷом дода метавонанд. Ба шаҳрвандони синни то 20-сола, инчунин шахсони синни аз 65-сола боло истифода аз нақлиёти ҷамъиятӣ манъ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.