Ҷавоне, ки ба Адибаи Азиз дағалӣ карда буд, ҳабс шуд

Як ҷавони 30-сола дар шаҳри Душанбе барои рафтори дағалонааш нисбат ба шоира Адибаи Азиз аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҳабс гардидааст. Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Адибаи Азиз ба пулиси Душанбе шикоят бурдааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда нисбаташ санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як ҷавони 30-сола дар шаҳри Душанбе барои рафтори дағалонааш нисбат ба шоира Адибаи Азиз аз ҷониби кормандони милитсия боздошт ва ҳабс гардидааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, Адибаи Азиз ба пулиси Душанбе шикоят бурдааст, ки нисбат ба ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел» чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда нисбаташ санаи 18-уми ноябри соли ҷорӣ ҳангоми дар кӯчаи Анзоби ноҳияи И. Сомонӣ карор доштанаш дағалона рафтор намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафи ӯро паст задааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаро пулис дастгир карда, маълум шудааст, ки ӯ Шералӣ Кенҷаеви 30-сола сокини Душанбе буда, қаблан бо моддаи 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.

“Зимни пурсиш дастгиршуда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат санаи мазкур нисбати ба муроҷиаткунанда бо алфози қабеҳ дашном додаву шаъну шарафашро паст задааст”.

Худи Адибаи Азиз дар саҳфаи фейсбукаш бо истиқболи аз кори фаврии пулис ва ташаккур аз вазири корҳои дохилӣ бо нашри акси ронанда ба занҳо ҳушдор додааст, ки огоҳ бошанд. "Лутфан касоне, ки ин нафарро мешиносанд, ба вижа духтарон, агар аз тарафи ӯ мавриди таҳдид, фишор, хушунати лафзӣ ё ҷинсӣ ва дигар амалҳои зӯроварӣ қарор доштед, шикоят баред! Мутмаинам аз дасти ӯ духтарони зиёде озори рӯҳӣ ва осеби ҷинсӣ дидаанд. Ва низ мутмаинтарам, ки қаблан мушкил бо қонун бисёр дошт ва ҳанӯзам дорад! Мо набояд бо ахлоқи зишти чунин афрод созиш кунем, хомӯш бишинем. Иштибоҳи маҳз мешавад, агар аз онҳое, ки оромии ҷомеаро дар фазои осоиштаи давлати демократӣ-дунявӣ халалдор месозанд, гузашт намоем. Бидуни шак, бемуҷозот мондани ин авбош боиси садамаҳои равонии чандин занони дигари раҳгузар хоҳад шуд!"

Пулиси Душанбе мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Шералӣ Кенҷаев барои кирдорҳои майдаавбошона бо моддаи 460 (майдаавбошӣ)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори додгоҳ ба ӯ 5-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.