Маблағгузории Фонди захиравии президент аз буҷет $2 млн зиёд мешавад

Ҳаҷми Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 404 млн сомонӣ (беш аз 38 млн доллар) муқаррар шудааст, ки нисбат ба маблағгузории соли равон ба ин фонд ба андозаи 5,2% зиёдтар мебошад. Маблағгузории Фонди захиравии президенти кишвар дар соли равон 1,5% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. […]

Иршод Сулаймонӣ, Asia-Plus

Ҳаҷми Фонди захиравии президенти Тоҷикистон дар Буҷети давлатии ҷумҳурӣ барои соли 2021 дар ҳаҷми 404 млн сомонӣ (беш аз 38 млн доллар) муқаррар шудааст, ки нисбат ба маблағгузории соли равон ба ин фонд ба андозаи 5,2% зиёдтар мебошад.

Маблағгузории Фонди захиравии президенти кишвар дар соли равон 1,5% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Маблағҳои ин Фонд ба чорабиниҳои гуногуни хайру эҳсонкорӣ ва дигар хароҷот равона мешаванд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, соли оянда зиёда аз 100 млн сомонӣ маблағи буҷет барои Фонди хароҷоти ғайричашмдошти ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо мегардад.

Ёдрас мекунем, ки соли 2018 ба қонуни Тоҷикистон  “Дар бораи молияи давлатӣ” тағйирот ворид карда шуд, ки дар он таъсиси Фонди Пешвои миллат пешниҳод гардид.

Ҳамасола ба ин Фонд дар ҳаҷми 0,2% аз ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ маблағ гузаронида мешавад.

Тартиби истифодаи малағҳои Фондро Пешвои миллат, яъне президенти амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муайян мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.