Як ширкати сохтмони Маскав наздики 650 нафар муҳоҷирони тоҷикро ба кор даъват мекунад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ширкати сохтмони ҶДММ «Ренессанс-Технологии» аз Намояндагии Вазорати меҳнут, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дархост намудааст, ки ҷалби мутахассисони тоҷикро ба корҳои сохтмону насб дар соҳаи бунёди манзил дар шаҳри Маскав таъмин кунад.

Сухангӯи Намояндагии Вазорат дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз раҳбарияти ширкати дар боло зикршуда дар бораи ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор дархости расмӣ расидааст.

“Ширкат ҷиҳати бо кор таъмин кардани наздики 650 нафар, анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои онҳо, таъмин бо хобгоҳ ва маоши доимӣ омода аст”, – гуфт Аҳмадов.

Ширкати «Ренессанс-Технологии» ба муҳоҷирони кории тоҷик пардохти 60 ҳазор ва зиёда аз он маошро дар як моҳ ваъда мекунад.

Айни замон ширкат ба зиёда аз 600 коргарони ихтисоси гуногун, аз қабили 300 нафар хиштзанон, 200 нафар андовагарону рангмолон ва 150 нафар мутахассисони насбгару устои барқ ниёз дорад.

Ширкат уҳдадор шудаст, ки муҳоҷирони кориро мутобиқи қонунгузории меҳнати Русия бо кор таъмин намуда, дар як моҳ ду бор (пешмузд ва маош) ба онҳо музди меҳнат пардохт мекунад.

Бо ҳамаи масъалаҳои марбут ба кор таъмин шудан метавон ба Намояндагии Вазорати меҳнати ҶТ дар Маскав муроҷиат намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.