Аз қисми низомӣ ба “Кӯктош”: қиссаи ҷавони ҷунуне, ки “облава” шуд

Хуршед Фозилов, Asia-Plus

Кормандони коммисариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ҷавонеро ба хизмати аскарӣ фиристодаанд, ки ҳам дар қайди беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ва ҳам дар қайди беморхонаи сил қарор доштааст.

Ин ҷавон ба гуфтаи падараш, айни замон дар Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои равонии ноҳияи Рӯдакӣ, маъруф ба “Кӯктош” бистарӣ мебошад.

Исломов Ҷӯрақул, падари ин ҷавон мегӯяд, кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, писараш Исломов Ҷасурбек Ҷӯрақуловичро, ки соли таваллудаш 24.07.1998 мебошаду зодаву бошандаи деҳаи Моғиёни ҷамоати деҳоти Моғиён аст, дар ҳамин даъвати тирамоҳӣ, санаи 22-юми октябр аз кӯча дошта (облава) ба аксарӣ мефиристанд.

Ба гуфтаи падари сарбоз, бо вуҷуди он, ки писараш дар қайди беморхонаи рӯҳӣ қарор дораду ду маротиба ҳуҷҷатҳои лозимаро ба комиссариат пешниҳод кардааст, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ маълумотномаи беморхонаи мазкурро ба инобат намегиранд.

Падари Ҷасурбек мегӯяд, ба сардори шӯъдаи 2-юми комиссариати ҳарбӣ Қаҳрамон Исматов ҳуҷҷатҳои писарамро пешниҳод кардем, ки ӯ бемор аст. Аммо ба гумонам ӯ ин ҳуҷҷатҳоро дар байни делои писарам нагузошт.

“Писари ман фаҳмишаш суст мебошад ва дар қайди беморхона меистад. Чи хел дидаю дониста ӯро ба хизмат буданд, ман ҳайрон. Ҳатто аз мактабе, ки Часурбек таҳсил кард, хислатнома овардам, ки ба писарам хислатномаи хуб надодаанд. Аммо бо ин вуҷуд дар комиссариати ҳарбӣ онро ба инобат нагирифтанд”, – мегӯяд падари Ҷасурбек.

Падари Ҷасурбек дар сӯҳбат ба “Азия-плюс” гуфт, писараш ҳамагӣ 10-12  рӯз дар қисми низомӣ мемонад ва ӯро ба беморхона мебаранд. Яъне бо гузашти беш аз як моҳ, бештари вақти Ҷасурбек дар беморхона гузаштааст.

Аз комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ба василаи “облава” ба хизмат бурдани Ҷасурбек ва бемор будани ӯро рад карданд.

Фирдавс Шарипов, комиссари ҳарбии шаҳри Панҷакент мегӯяд, “наход даъватшаванда дар қайди беморхонаи рӯҳӣ бошаду мо ӯро ба хизмат барем?”.

Норматов Фарҳод, духтури касалиҳои рӯҳӣ, ки ҳамзамон узви комиссияи тиббии даъвати аскарӣ ҳам будааст, дар қайд будани беморе бо ному насаби Исломов Ҷасурбекро рад намуд.

Рад кардани Фарҳод Норматов дар ҳолест, ки соли 2018 Маркази солимии руҳӣ ва наркологии шаҳри Панҷакент бо имзои худуи ӯ ба Исломов Ҷасурбек маълумотнома додааст, ки ин нафар “бо сустақлии дараҷаи миёна ва ихтилилои шахсият” дар қайди ин Марказ мебошад.

Муҳаммадсодир Сафарзода муовини якуми раиси шаҳри Панҷакент ва раиси комиссияи даъват дар шаҳр, низ бемори равонӣ доштани Ҷасурбекро рад намуда иброз дошт, кӣ мо дар ҳамин даъвати гузашта ягон мушкилот ва проблема надоштем.

Падари ин ҷавон қасд дорад аз ин қазия ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шикоят барад то омилони қазияро ба ҷавобгарӣ бикашанд.  Ӯ мегӯяд, ки “кормандони комиссариати ҳарбӣ аз бемор будани Ҷасурбек огоҳ буданд ва дар даваътҳои қаблӣ боре ҳам ба ӯ даъватнома наовардаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...