“Барқи тоҷик”: баъди 5 рӯз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон мунтазам бо барқ таъмин хоҳанд шуд

Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабака ва зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расида, 4-5 рӯзи наздик ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ бо барқ таъмин мешаванд, хабар дод дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ. Ба гуфтаи ӯ, “шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар […]

Дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабака ва зеристгоҳҳои барқӣ ба итмом расида, 4-5 рӯзи наздик ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва деҳоти ҷумҳурӣ мунтазам шабонарӯзӣ бо барқ таъмин мешаванд, хабар дод дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ба гуфтаи ӯ, “шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар ҷумҳурӣ мафҳуми ҷорӣ шудани истифодаи маҳдуди барқ (лимит) умуман вуҷуд надорад”.

Дар робита ба масъалаи тӯл кашидани корҳо оид ба ивази таҷҳизот дар шабакаҳои барқии кӯҳнаву фарсуда, Ёдгорӣ изҳор намуд, ки бо сабаби паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари дунё, интиқоли қисмҳои эҳтиётии зарурӣ барои таъмири иншооти энергетикӣ аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон мушкил шуд.

“Маҳз бо ҳамин сабаб имсол корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар шабакаҳо ва зеристигоҳҳои барқӣ аввали тобистон ва аввали тирамоҳ ба охир нарасида, то оғози зимистон тӯл кашиданд”, – таъкид дошт сухангӯи ширкат.

Овозаҳоро миёни ҷомеа дар бораи он, ки бо вуҷуди камбуди барқ барои таъминоти эҳтиёҷоти дохилӣ, содироти он ба Ӯзбекистону Афғонистон идома меёбад, ӯ қотеъона рад намуд.

“Содироти барқ танҳо дар давраи тобистон сурат мегирад, лекин на зимистон. Имсол бо сабаби камобӣ, ҳанӯз тобистон содироти барқ ба Ӯзбекистону Афғонистон қатъ шуд, то ки дар обанбори Норак об захира шавад ва дар ин бора ҳатто муроҷиати ҳукумат ба аҳолӣ дар бораи истифодаи сарфакоронаи барқ нашр шуда буд", – илова кард ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.