Душанбе ҳарчи зудтар омадани мутахассисони Чинро интизор аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Таҳти ҳамраисии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва муовини вазири савдои Чин Юй Цзянхуа рӯзи 8 декабр ҷаласаи 11-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, Завқӣ Завқизода қайд кард, ки Чин имрӯз яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар савдои хориҷӣ ба шумор рафта, соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Чин 660,9 млн. долларро ташкил дод.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки дар доираи Созишномаҳои техникӣ солҳои 2018-2019 аз ҷониби Чин барои рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии кишвар 1 млрд. 700 млн юан маблағ ҷалб карда шудааст.

“Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои тезонидани раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ чораҳои зарурӣ меандешанд, аз ҷумла ҷониби Чин мутахассисони дигари худро ҳарчи зудтар барои таъмини кори саривақтии сохтмони бинои нави парлумон ва маҷмааи ҳукумат дар Душанбе, инчунин таҷдиди роҳҳои дохили шаҳрии Бохтар ва Кӯлоб, қитъаи Кӯлоб-Мӯъминобод равона менамояд”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Инчунин аҳамияти таҷдиди кори "Ширкати истихроҷи маъданҳои Тоҷикистону Чин, ки соли 2007 бо фонди оинномавии сабтшудаи 30 млн доллар дар вилояти Суғд таъсис дода шуд, ба миён гузошта шуд.

Айни замон ширкат барои анҷоми корҳои истихроҷ дар конҳои сурбу руҳи “Пайбулоқ”, “Зарнисор”, “Зарнисори Шимолӣ”, “Бузургпадар” ва баргузории корҳои омӯзиши геологии кони сурбу руҳи “Ағба”, кони нуқра ва тиллои “Боярбек”, кони сурбу руҳи “Сеқабат” иҷозатнома дорад.

Гуфта мешавад, ҷониби Чин иттилоъ дод, ки аллакай зиёда аз 1000 мутахассисон барои таъмини корҳои лоиҳаҳои қайдгардида ба Тоҷикистон ҷалб шуда, фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили ҷалби сармоя аз Чин баҳри амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...