Мувофиқаи ҳамкориҳои энергетикӣ байни Тоҷикистону Олмон

Даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 8 декабр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд. […]

Даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 8 декабр дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҳайатҳои тарафҳоро муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон доир ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Михаел Зиберт роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар рафти муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкориҳои самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

“Аҳаммияти таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, тандурустӣ, муҳоҷират, тадбирҳои муштарак бар зидди ҳамагирии COVID-19 ва коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим таъкид гардид”, – омадааст дар хабари ВКХ.

Зимнан зикр мегардад, ки ҷонибҳо пиромуни масъалаҳои тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Роҳбурди нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббуси минтақавии “Осиёи Марказии Сабз” мубодилаи афкор намуданд.

Ёдрас мекунем, Олмон Тоҷикистонро бо 11 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) ба маблағи 287, 500,00 евро таъмин кард. Дастгоҳҳо дар доираи кумаки молиявии ҳукумати Олмон ба маблағи 1 млн евро таҳвил дода шуданд. Маблағ тариқи Бонки Рушди Олмон (KfW) моҳи марти ҳамин сол дар доираи ҳамкориҳои молиявии Тоҷикистону Олмон ҷудо карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.