Номи ҷамоати Шитхарви ноҳияи Ишкошим иваз мешавад

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба палатаи болоии парлумон пешниҳод кардааст, ки номи ҷамоат дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ иваз шавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, аъзои Маҷлиси миллӣ ба ивази номи ҷамоати Шитхарв дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ба ҷамоати Вахон розигӣ дода метавонанд.

Нимаи дуюми имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумон Рустами Эмомалӣ иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон доир мегардад.

Ба ҷуз масъалаи дар боло зикршуда, аъзои Маҷлиси миллӣ масъалаи тағйироти кадриро дар Суди Олӣ ва Суди конститусионӣ, ки аз ҷониби президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудаанд, низ баррасӣ мекунанд.

Президент ба аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намудааст, ки судяи Суди конститутсионӣ Даврон Ҳошимзода, судяҳои Суди Олӣ Бахтулло Раҳматуллозода ва Давлатмо Додихудозода аз мансабҳояшон бозхонд карда шаванд.

Манбаъ дар парлумон сабаби пешниҳоди сарвари давлатро дар бораи бозхонд шудани онҳо шарҳ надод.

Ғайр аз ин, имрӯз аъзои Маҷлиси миллӣ зиёда аз 20 тағйироту идоваҳоро ба қонунҳои гуногуни ҷумҳурӣ, ки қаблан аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумон тасдиқ шуда буд, низ баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...