Заминфурӯшӣ дар Суғд: аз 84 парвандаи ҷиноӣ то “эҳтиёҷмандсозиҳо”

Мақомоти додситонии вилояти Суғд 440 нафарро, ки эҳтиёҷ ба  замини наздиҳавлигӣ надоштанду аммо дар асоси қарорҳои махсус ба онҳо замин ҷудо шудааст аз рӯйихати эҳтиёҷмандон берун кардаанд. Ба ин гурӯҳ ғайриқонунӣ комиссияи ҷамъиятии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Айнӣ ва Ашт ҳамчун ниёзманд замин ҷудо кардааст, ки дар пайи […]

Мақомоти додситонии вилояти Суғд 440 нафарро, ки эҳтиёҷ ба  замини наздиҳавлигӣ надоштанду аммо дар асоси қарорҳои махсус ба онҳо замин ҷудо шудааст аз рӯйихати эҳтиёҷмандон берун кардаанд. Ба ин гурӯҳ ғайриқонунӣ комиссияи ҷамъиятии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Деваштич, Айнӣ ва Ашт ҳамчун ниёзманд замин ҷудо кардааст, ки дар пайи эътирозҳои прокурорӣ қарорҳои комиссия бекор карда шуд.

Масъули прокуратураи вилояти Суғд дар умури ҳамкорӣ бо матбуот Пайрав Мириноят ба “Азия Плюс” гуфт, ки ин қонунвайронкуниҳо дар пайи санҷиши як соли қабл ва 9 моҳи соли ҷорӣ ошкор шуда, нисбати шахсони масъул ҷораҳои қонунӣ андешида шудааст.  

“Аз ҷумла, дар баъзе маҳалҳо Комиссияҳои ҷамъиятӣ вазъи оилавии муроҷиаткунандагонро ҳамаҷониба наомӯхта, бархе аз онҳоро беасос эҳтиёҷманд эътироф карда, бархе дигарро, ки барои гирифтани қитъаи замин воқеан ҳуқуқ доштанд, ғайриэҳтиёҷманд ҳисобидаанд.”-

Манбаъ гуфт, дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Айнӣ ва Панҷакент солҳои тӯлонӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ба беш аз 2 ҳазор нафар эҳтиёҷмандон таҳия ва пешниҳод нагардидааст. Ва дар натиҷа ин нафарон саривақт ба сохтмони манзили шахсӣ шурӯъ карда натавонистаанд. Дар асоси қонун қарорҳои комиссияи ҷамъиятиро раисони шаҳру ноҳияҳо тасдиқ мекунанд.

Бино ба маълумоти мақомоти прокуратура барои бартараф кардани қонунвайронкуниҳо вобаста ба масъалаи ҷудо намудани қитъаи замин барои манзили зист 55 адад пешниҳод, 136 амр, 133 эътироз овардааст. Дар пайи ин эътироз 43 нафар кормандони масъули сохторҳои давлатӣ ба ҷавобгарии интизомӣ, 193 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 84 нафар ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд барои шахсони эҳтиёҷманд 13,4 га қитъаи замин ҷудо шуда барои 92 ҳазору 954 нафар вобаста карда шудааст.

Пайрав Мириноят мегӯяд,  ҳолатҳои таъмин нагардидани риояи баъзе аз муқаррароти қонун дар масъалаи ҷудо намудани замин як мавзӯйи нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.