Ду ҷавони тоҷик одамонро аз сӯхтор дар Петербург наҷот доданд

Date:

Ду зодаи Тоҷикистон дар як хонаи баландошёнаи наздикии шаҳри Санкт-Петербург сӯхторро хомӯш карда, одамонро наҷот доданд.

Сӯхтор бевақтии шом дар яке аз манзилҳои ошёнаи 12-уми бино сар зада, ҷавонони тоқик – Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаров, ки дар бинои дигари он тарафи роҳ зиндагӣ мекунанд, ба ёрӣ шитофтанд, хабар дода мешавад дар гузориши телевизионии шабакаи Мир24.

“Лифти бино кор намекард, аз ин рӯ, бо зинапоя ба боло давидем. Фикр доштем, ки байни осебдидагон кӯдакон ҳам буда метавонанд”, – ҳикоят кардааст Зариф.

Онҳо ҳамроҳи бошандагони бино аввал барои аз манзилҳо берун овардани одамон кумак карда, сипас то омадани оташнишонон ба хомӯш кардани сӯхтор пардохтаанд.

Фаррух Умаров ва Зариф Ниёзов дар як ҳавлӣ дар Тоҷикистон ба воя расида, Зариф аллакай муддати 14 сол инҷониб муқими Русия ва шаҳрвандии ин кишварро дораду дар корхонае (завод) кор мекунад. Фаррух қариб 4 сол пеш ба Русия омада, ронандаи таксӣ аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...