Раиси пойтахт ба маъракаи ниҳолшинонӣ вусъат бахшид

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 14 декабр дар даромадгоҳи асосии Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шахсан ду дарахт шинонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, ба Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки дарахтони шинонидашуда  аз навъи Платан буда, умри беш аз 60 сола доранд ва бо нашъунамояшон, оянда ба ин иншооти нодири шаҳри Душанбе зебогии бештар зам мешавад.

Дар қаламрави бузургтарин масҷид дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки ифтитоҳаш чандин бор ба таъхир меафтад, то имрӯз 64 ҳазор бех ниҳоли гулҳои бисёрсола ва наздик 1 ҳазор ниҳоли дарахтон шинонида шуданд.

Санаи дақиқи баргузории маросими ифтитоҳи масҷиди нав дар Душанбе то ҳол маълум нест. Дар ин маросим аз иштироки меҳмонон аз Давлати Қатар интизорӣ меравад.

Дар назар аст, ки масҷид бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ доир мегардад, лекин бар асари пандемияи коронавирус, маросими ифтитоҳи он ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳамагӣ давоми як моҳи оғози мавсими имсолаи ниҳолшинонӣ, дар миқёси шаҳри Душанбе зиёда аз 53 ҳазор дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуданд.

Тибқи нақшаи гулпарварони пойтахт, то баҳор дар Душанбе бояд ҳудуди 4 млн бех гули лола шинонида шавад.

Чунин миқдор гули лола дар пойтахти Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ шинонида нашудааст. Соли гузашта наздики 1 млн дона гули лола шинонида шуд.

То баҳор дар пойтахт натанҳо гули лола, балки дигар навҳои гуногуни гулҳо, аз қабили гули довудӣ (хризантема), бегония, карнайчагул (петуния) ва салвия низ шинонида хоҳанд шуд.

Дар пойтахти Тоҷикистон то фасли баҳор ҳамагӣ беш аз 12,5 млн бех гулҳои гуногун шинонида хоҳанд шуд, ки нисбат ба соли равон қариб 2,5 млн дона бех зиёдтар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.