Байден расман пирӯзи интихоботи Амрико эълон шуд

Ҷо Байден аз сӯйи Коллеҷи интихоботии ИМА расман пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Ҷо Байдени 78-сола паси аз эълони расмии пирӯзияш дар як суханронӣ барандаи интихобот шуднашро "пирӯзии демкоратия" унвон кард.  Ҷо Байден, ки дар ин давраи интихоботи президентии Амрико бо беш аз 81 миллион раъй рекорди нав бар ҷой гузошт. Ҳарчани Доналд Трамп шикастхӯрдаи […]

Asia-Plus

Ҷо Байден аз сӯйи Коллеҷи интихоботии ИМА расман пирӯзи интихоботи ин кишвар эълон шуд. Ҷо Байдени 78-сола паси аз эълони расмии пирӯзияш дар як суханронӣ барандаи интихобот шуднашро "пирӯзии демкоратия" унвон кард. 

Ҷо Байден, ки дар ин давраи интихоботи президентии Амрико бо беш аз 81 миллион раъй рекорди нав бар ҷой гузошт. Ҳарчани Доналд Трамп шикастхӯрдаи интихобот эълон шудааст, вале то кунун пойфишорӣ дорад, ки дар интихобот тақаллуби густурда сурат гирифтааст. Ин иддаоҳоро аммо додрасҳои амрикоӣ бо гароишҳои гуногуни сиёсӣ ва ҳамчунин Вазорати адлия ва Додгоҳи олии ИМА рад кардаанд.

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико гуфт, "сиёсатмадорон дар Амрико қудратро соҳибӣ намекунанд, балки мардум ба онҳо вогузор мекунанд. Шӯълаи демократия дар ин кишвар дар замонҳои хеле дур рӯшан шуд. Ва мо медонем, ки ҳеҷ чизе, ҳатто як пандемия ё сӯистифода аз қудрат, наметавонад ин шӯъларо хомӯш кунад".

Байден соли 1942 дар шаҳри Скрантони Пенсилвания дар оилаи католикҳои румии миёнаҳол ба дунё омадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Вилмингтони иёлати Делавэр кӯчид, ки падараш дар ин ҷо дар тиҷорати мошин муваффақ шуд ва сарватманди калоне шуд.

Ҷо хатмкардаи Донишгоҳи Делавэр ва Донишгоҳи Сиракузи иёлати Ню-Йорк дар риштаи ҳуқуқ аст.

Байден бори аввал соли 1966 бо Нилия Ҳантер, шарикдарсаш дар Донишгоҳи Сиракуз хонадор шуд ва баъдтар онҳо ба Делавэр кӯчиданд. Дар ин ҷо Байден  вакили дифоъ мешавад. Аммо хонаводааш дар ин ҷо дар як садамаи автомобилӣ ҳалок мешаванд. Ҳамсараш бо духтараш мемиранд ва писаронаш бо вуҷуди маҷруҳ шудан, зинда мемонанд.

Байден дар 29-солагиаш сенатор интихоб шуд, ки шашумин сенатори ҷавонтарин дар таърихи Амрико буд. Ва дар тӯли 35 сол ҳеч гоҳ дар интихоботи сенат шикаст нахӯрд. Аз ин пеш ҳам ду бор, солҳои 1988 ва 2008 номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико буд.

Байден замоне, ки номзад мешуд далели дар пиронасарӣ вориди корзори интихоботӣ шуданашро чунин шарҳ дода буд:  “Агар ба Трамп иҷозат дода шавад, ки чаҳор соли дигар дар қудрат монад, вай хислати мардуми мо, буду шуди моро абадан дигар хоҳад кард ва ман наметавонам дар канор истода, инро оромона тамошо кунам".

Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни мунозираҳо бо Трамп дар моҳҳои сентябр ва октябр Байден тақрибан пешпо нахӯрда, раисиҷумҳурро барои нокомиҳояш дар мубориза бо ҳамагири коронавирус шадидан танқид кард, ки дар охири моҳи сентябр ҷони беш аз 200 000 амрикоиро рабуд.

Ҷо Байден бо шахсияти ором ва ҳамашумулаш худро ба пирӯзӣ расонд. Ба фарқ аз Трамп, ки ҳамеша як шахсияти ҷанҷолӣ ва буҳрониофар дар ИМА буд, Ҷо Байден дар таърихи Амрико аз пирӯзҳои интихоботӣ хоҳад буд, ки бо раъйи бисёр таърихӣ ба пирӯзӣ расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.