Вазорати сохтмони Русия хостори сабук кардани вуруди муҳоҷирон аст

Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия дархост намудааст, ки вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар содда ё сабуктар карда шавад. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТАСС, ин пешниҳоди қаблан мувофиқашуда бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва "Роспотребнадзор" барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодаанд. Гуфта мешавад, айни замон дар хадамоти […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати сохтмон ва хадамоти коммуналии Русия дархост намудааст, ки вуруди муҳоҷирон ба ин кишвар содда ё сабуктар карда шавад.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба хабаргузории ТАСС, ин пешниҳоди қаблан мувофиқашуда бо Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати меҳнат ва "Роспотребнадзор" барои баррасӣ ба ҳукумати Русия фиристодаанд.

Гуфта мешавад, айни замон дар хадамоти матбуоти Вазорати сохтмон гуфтаанд, вуруди коргарон ба қаламрави Русия танҳо ба корхонаҳое иҷозат дода хоҳад шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштиро кафолат бидиҳанд. Пешниҳод шудааст, шаҳрвандони хориҷӣ қабл аз вуруд ба Русия натиҷаи манфии ташхиси коронавирусро бо худ дошта бошанд.

Бино ба пешниҳоди Вазорати сохтмони Русия, корфармоён бояд коргаронро дар идораи муҳоҷират сабт карда, бо онҳо қарордод банданд ва дар хобгоҳҳои махсус ҷойгир кунанд. Муҳоҷиронро зарур аст, барои кор дар Маскав патент бигиранд.

Вазорат гуфтааст, то 1-уми декабри имсол дар 50 минтақаи Русия нерӯи корӣ дар сохтмонҳо намерасанд ва онро ба манъи вуруди муҳоҷирони корӣ рабт дод. Пеш аз ҳама коргарон аз Ӯзбекистону Украина ва Тоҷикистон намерасанд.

Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия, изҳор доштааст, ки дар аҳди коронавирус маоши коргарони соҳаи сохтмон тақрибан ду баробар зиёд шуда, аммо бо ин ҳол камбуди нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ҳалли худро наёфт. Зикр шудааст, бо вуҷуди бекорӣ, шаҳрвандони Русия розӣ намешаванд, ки дар сохтмонҳо кор кунанд. Чизе, ки қаблан муҳоҷирон анҷом медоданд.

Марзи Русия аз баҳори имсол ба рӯйи муҳоҷирони тоҷик бастааст. Ҳазорҳо муҳоҷири тоҷик имсол барои кор дар Русия рафта натавонистанд ва мунтазири боз шудани роҳ ва парвози доимии ҳавопаймоҳо ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.