БОР ба ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна дастгирӣ кардани муҳоҷиронро шарҳ медиҳад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) бар асоси натиҷаҳои омӯзиши вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти зиёдеро муайян карда, барои ҳалли онҳо ба ҳукумати Тоҷикистон рӯйи даст гирифтани баъзе тадбирҳоро тавсия медиҳад.

Таҳқиқот оид ба дастгирии муҳоҷирони меҳнатӣ (Strengthening support for labor migration in Tajikistan) дар навбати аввал пешниҳод мекунад, ки аз таҷрибаи пешрафтаи 5 кишвари Осиёи Ҷанубӣ – Бангладеш, Индонезия, Непал, Филиппин ва Шри-Ланка истифода шавад, ки ба ташкили низоми муваффақонаи дастгирии муҳоҷирони корӣ ноил гардидаанд.

Тавсияҳои сершумор аз омода кардани муҳоҷирони меҳнатии имконпазир барои кор дар хориҷа оғоз ёфта, бо дохил кардани онҳо ба низоми нафақа ба анҷом мерасанд.

Омода кардани муҳоҷирон

Пеш аз сафар бояд курсҳои гуногуни омодагӣ ва барномаҳои иттилоотиву таблиғотӣ пешниҳод карда шаванд, ки ба муҳоҷирони оянда ҷиҳати соҳиб шудан ба малакаҳои муайян, азхуд кардани забон ва донистани ӯҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои худ дар кишварҳои таъинот кумак кунанд.

Ба низоми омода кардани муҳоҷирон ҷалби созмонҳои байналмилалӣ ва ғайриҳукуматӣ, пешвоёни динӣ ва дигар шахсиятҳои муҳими ҷомеа, инчунин васоити ахбори омма тавсия дода мешавад. Пешниҳод мегардад, ки марказҳои тайёр кардани муҳоҷирон барои сафар ба хориҷа бояд натанҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар ҷамоатҳо (шӯроҳои пешини деҳот) ва марказҳои ноҳияҳо низ таъсис дода шаванд.

Инчунин пешниҳод карда мешавад, ки дар кишварҳои таъинот шабакаҳои дарёфти касбҳои серталаб ва тайёр кардани коргарони баландихтисос бо шуғли минбаъдаи қонунӣ таъсис дода шаванд.

Дар кишвари таъинот муҳоҷирон, ба ҷуз маълумоти умумӣ дар бораи кишвар, бояд дар бораи алоқа бо хадамоти консулгарӣ ва дигар хадамот, инчунин доир ба иттиҳодияҳои ҳамватанон маълумот дошта бошанд, то ки ёрии ҳуқуқӣ ва дигар кӯмакҳои зарурӣ гиранд.

Дар кишвари таъинот (қабулкунанда)

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки бо ҳукуматҳои кишварҳои таъинот оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар тамоси доимӣ бошад.

Масалан, пешниҳод мегардад, ки бо кишварҳои таъинот дар бораи шомил кардани муҳоҷирон ба низомҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишварҳо гуфтушунид анҷом дода шавад.

Тавсия дода мешавад, ки фаъолияти сафоратхонаҳо ва консулгариҳои Тоҷикистон дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқи ҳамватанон ва расонидани дигар кӯмаки зарурӣ бо ҷалби ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои диаспораҳо таъмин шавад. Зикр мегардад, ки  ҳама гуна кумаки зарурӣ бояд таъҷилан расонида шавад.

Илова бар ин, дар таҳқиқот доир ба дастгирии муҳоҷирон, ки бо ин ё он сабаб наметавонанд ба ватан баргарданд, таъмини онҳо бо манзил, хӯрок ва кӯмак дар бозгашт ба ватан низ сухан меравад.

Ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои дастгирии муҳоҷирони истирдод ё ихроҷшуда сар аз расонидани кӯмаки равонӣ ба онҳо, то дастгирии моддӣ ва шуғл дар дигар кишварҳо ё дар дохили ҷумҳурӣ чораҳо андешида шаванд.

Гузашта аз ин, ба ҳукумат тавсия дода мешавад, ки барои шомил кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба низоми нафақаи Тоҷикистон тадбирҳо роҳандозӣ кунад, то ки ҳангоми расидан ба синни мувофиқ, онҳо дар қатори дигарон нафақа гирифта тавонанд.

Ғайр аз ин, гуногунсозӣ (диверсификатсия)-и бозорҳои меҳнат пешниҳод карда мешавад: пайдо кардани ҷойҳои нави алтернативӣ ба ҷуз кишварҳои ИДМ, бозори кор ва боз ҳам беҳтар – фароҳам овардани шароит барои шуғли шаҳрвандони ҷумҳурӣ.

Хулосаҳо

Мувофиқи натиҷаҳои омӯзиши ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон, муаллифони гузориш ба хулосае расидаанд, ки муҳоҷирати меҳнатӣ муҳимтарин манбаи пешбурди ҳаёти сокинони кишвар аст.

“Муҳоҷират сатҳи бекориро паст карда, ба воридшавии асъор мусоидат мекунад. Соли 2019 интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик 2,7 млрд долларро ташкил дод, ки ба 33,4% ММД-и соли гузаштаи ҷумҳурӣ баробар аст», – қайд мешавад дар гузориш.

Зикр мегардад, ки ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт натанҳо ба муҳоҷирон ва оилаҳои онҳо, балки ба ҷомеа ва дар ниҳояти кор, ба тамоми ҷумҳурӣ манфиат меорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...