Пирӯзии олими ҷавони тоҷик дар озмуни “Умник-2020” дар Хабаровск

Беҳрӯз Табаров, пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолск-на-Амуре кишвари Хабаровски Русия дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” ширкат варзида, ғолибият ва ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 ҳазор рубли русӣ ба даст овард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, лоиҳаи Беҳрӯз Табаров “Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ном […]

Беҳрӯз Табаров, пажӯҳишгари тоҷик, номзади илмҳои техникӣ ва докторанти Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолск-на-Амуре кишвари Хабаровски Русия дар озмуни умумироссиягии “Умник-2020” ширкат варзида, ғолибият ва ҷоизаи озмунро ба маблағи 500 ҳазор рубли русӣ ба даст овард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, лоиҳаи Беҳрӯз Табаров “Таҳияи модули реактор-тиристор барои зеристгоҳҳои трансформаторӣ” ном дошта, он миёни даҳҳо ҳазор лоиҳаҳои илмию инноватсионӣ аз тамоми Русияя яке аз беҳтаринҳо ва сазовори ҷоизаи озмуни мазкур дониста шуд.

“Ҳамчунин, бо гирифтани олими ҷавони тоҷик дар қатори 252 нафар  ғолиби ин озмун имкон ба даст овард, ки лоиҳаи илмияшро дар амал татбиқ намояд”, – қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, барнома-озмуни давлатии “Умник” ҳамасола бо ҷалби олимон аз тамоми Русия баргузор гардида, ҳадаф аз ин иқдом кӯмак ба рушди тиҷорати хурди инноватсионии олимон ва ихтироъкорон, махсусан ҷавонон мебошад.

Зикр мегардад, ки дар озмунҳои барномаи мазкур то имрӯз 70 ҳазор нафар ширкат варзида, дар тӯли тамоми мавҷудияти худ он ба олимони ҷавон имкони воқеӣ фароҳам овардааст, ки лоиҳаҳои инноватсионии худро дар яке аз самтҳои барои давлат мувофиқ ва муфид ҷиҳати амалигардонӣ пешниҳод кунанд.

Ёдрас мешавад, ки Беҳрӯз Табаров иштирокчии даҳҳо конфронсу форумҳои илмӣ-пажӯҳишӣ буда, соли 2019 риштаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолск-на-Амуреи Федератсияи Русия бо баҳои аъло хатм ва рисолаи номзадияшро бомуваффақият ҳимоя намудааст. Ҳамчунин, соли равон  аз ҷониби собиқ Губернатори минтақаи Хабаровск дар қатори олимони ҷавон ҳамчун олими минтақа шинохта шуда, қадрдонӣ гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.