“Азия-Плюс” – шарики иттилоотии мусобиқаи киберспорти Gamer Cup-2020

Date:

Киберпорт айни замон мавқеи устувор дошта, сол то сол рушд меёбад. Навъҳои мусобиқаи киберварзишӣ ин аллакай танҳо бозиҳчаҳои компютерӣ ва пахши бепарвоёна дар экран нест. Дар бораи мусобиқаи нав аз Федератсияи варзиши бозиҳои компютерӣ (киберспорт) дар Тоҷикистон маълумот медиҳем.

Рӯзи 20 ноябр мусобиқаи дуюм аз рӯи навъи PUBG Mobile баргузор мешавад. Ҳар кадоме аз бозингарон дар сатҳи касбӣ метавонад малкаҳои худро намоиш диҳад.

Чорабиниро Федератсияи варзиши бозиҳои компютерӣ дар Тоҷикистон созмон дода, дар доираи он маросими муаррифии тарифи нав аз шарики мусобиқа – ширкати “Мегафон Тоҷикистон” доир мегардад.

“Азия-Плюс” ҳамчун майдони бузургтарини иттилоотии кишвар ҷонибдори рушди киберспорт дар ҷумҳурӣ ва истеъдодҳои ҷавон буда, мусобиқаро аз лиҳози таъмини иттилоотӣ дастгирӣ мекунад.

Худи ҳозир шумо метавонед худро дар сомонаи egames.tj ба қайд гузоред ва ба саҳифаи шарикон дар маълумоти нашршуда обуна шавед. Шумо ба бурди 6 ҳазор сомонӣ ва дигар ҷоизаҳо имкон пайдо мекунед.

Фонди ҷоизавӣ:

ҷойи 1-ум – 6000 сомонӣ

ҷойи 2-юм – 4000 сомонӣ

ҷойи 3-юм – 2000 сомони.

Соли гузашта 14 март бори нахуст дар Тоҷикистон кибер-чемпионат  аз рӯйи "PUBG Mobile" баргузор шуд. 12 соати бозии шавқовар зиёда аз 700 нафар бозингаронро гирдиҳам овард! Иштирокчиён аз минтақаҳои косплей (табдил ёфтан ба нақшҳои гуногун), минтақаи суратҳо ва албатта, мукофотпулии фонд баҳравар шуданд.

Бозингарони мусобиқаи доиргардида дар бораи чӣ гуна гузаштани он шарҳҳо навиштанд ва ҳоло, ки корҳои ташкили чорабинии нав ҷараён дорад, маслиҳат медиҳем, ки онҳоро бихонед ва барои ғолибият омода шавед!

* Киберспорт – мусобиқаи даставӣ ё инфиродӣ бар асоси бозиҳои видеоӣ аст. Дар Русия навъи расмии варзиш эътироф шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...