Қатар бори нахуст дар таърихаш интихоботи порлумонӣ баргузор мекунад

Таҷлили “Рӯзи Миллӣ” дар  Қатар дар ҳоле фаро мерасад, ки ин давлати арабӣ тасмим гирифтааст, барои бори нахуст дар таърихаш интихоботи парлумонӣ ва  ё “ Маҷлиси Шӯро” баргузор кунад. Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар санаи 3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин […]

Таҷлили “Рӯзи Миллӣ” дар  Қатар дар ҳоле фаро мерасад, ки ин давлати арабӣ тасмим гирифтааст, барои бори нахуст дар таърихаш интихоботи парлумонӣ ва  ё “ Маҷлиси Шӯро” баргузор кунад.

Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар санаи 3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯро дар моҳи октябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд.

Ҳамингуна, Маҷлиси Шӯро ё парлумони Қатар аз парлумони таъйинотӣ ба парлумони интихоботӣ мегузарад ва вакилони маҷлис ҳар 4 сол аз тарафи мардум интихоб хоҳанд шуд.

То ин замон Маҷлиси Шӯрои ин кишвар 35 курсӣ дорад, ки намояндагони онро амири ин кишвар таъин мекунад. 

Қобили ёдоварист, ки аксари кишварҳои олам аз ин иқдоми Давлати Қатар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар саъйу талошҳои Қатар дар ростои демократия донистаанд.

Бояд гуфт, ки Қатар ҳамасола 18-уми декабр аз Рӯзи Миллии хеш таҷлил мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.