Имсол дар Суғд содироти меваи хушк зиёдтар шудааст

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Мақомҳои масъули вилояти Суғд мегӯянд, ки имсол сарфи назар аз ҳамагирии коронавирус, содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар зиёд шудааст.

Дар 11 моҳи соли 2020 корхонаҳои коркарди меваи хушки вилояти Суғд ба хориҷи кишвар ба маблағи 464.5 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулот содир кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 175 ҳазор доллар зиёд мебошад.  Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ дар вилояти Суғд ба “Азия-плюс” иттилоъ медиҳанд.

Бино ба иттилои масъулин, дар ин давра дар корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки вилоят беш 5 ҳазор тонна меваи хушк коркард шудааст, ки 2 ҳазор тона зиёдтар аз соли гузашта аст.

Маҳсулоти ин корхонаҳо асосан ба кишварҳои Аврупо, Русия, Белорус ва Қазоқистон содир мегарданд,-мегӯянд мақомҳои вилоятӣ.

Намояндаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар вилояти Суғд  Наргис Шамсиева гуфт, ки айни замон дар вилоят 18 корхонаи коркарди меваи хушк сабти ном шудааст, ки онҳо асосан дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Хуҷанд фаъолият мекунанд.

“Корхонаҳои мазкур асосан зардолу, себ, шафтолу, тут ва дигар меваҳоро хушк намуда, бо банду басти зебою замонавӣ  ба хориҷа содир мекунанд. Масалан, “Хуҷанд Агро” сабзавоте монанди пиёз, сабзӣ, каду ва ғайра хушк карда, ба  харидорон пешниҳод мекунад. Баъзе аз корхонаҳо бо қиммаву омехта  намудани мағзи меваҳо, ба истилоҳ “қанди экологӣ” истеҳсол мекунанд, ки дар хориҷа талабгорони зиёде дорад, зеро  меваҳои мо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, таъми бисёр хуб доранд”-мегӯяд Шамсиева.

Гуфта мешавад, ки дар вилояти Суғд корхонаҳои ҶДММ “Меваи Канд”, “Исфара Фуд”, “Субҳи Ватан”, “Баракат” “Исфара Фрукт”,  “Чил Фрукт”, “Ашт Фрукт” ва “Хуҷанд Агро” аз корхонаҳои фаъол дар заминаи коркард ва банду басти меваи хушк арзёбӣ мегардад, ки маҳсулоти онҳо  дар  бозорҳои хориҷӣ роҳ ёфта, харидори худро  пайдо кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...