Ҷанҷоли нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бе пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт

Сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 16 декабр қарибиҳои шом роҳеро бастанд, ки ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро бо шаҳри Исфара пайваст мекунад. Роҳ баъди он баста шуд, ки яке аз сокинони Оқсой дар бораи гум шудани аспҳояш хабар дода, ба гумонаш, гӯё онҳоро ба самти Тоҷикистон бурдаанд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд […]

Сокинони деҳаи Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 16 декабр қарибиҳои шом роҳеро бастанд, ки ҷамоати Ворухи Тоҷикистонро бо шаҳри Исфара пайваст мекунад.

Роҳ баъди он баста шуд, ки яке аз сокинони Оқсой дар бораи гум шудани аспҳояш хабар дода, ба гумонаш, гӯё онҳоро ба самти Тоҷикистон бурдаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар доданд, аз ҳар ду ҷониб сарҳадбонон ва намояндагони ҳукуматҳои маҳаллӣ дарҳол ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд.

“Ба онҳо муяссар шуд, ки роҳро кушоянд ва мардуми аз ҳар ду тараф ҷамъомада оромона ба хонаҳояшон рафтанд. Нофаҳмии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ин дафъа бидуни пайомади ҷиддӣ анҷом ёфт”, – илова кард ӯ.

Субҳи имрӯз роҳе, ки Исфараро бо ҷазирқаламрави Ворух пайваст мекунад, бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, дар марзи ду кишвар издиҳоми мардум ба мушоҳида намерасад.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.