Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги суръати интернет беҳтар шуд

Сервиси маъруфи интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги ҳармоҳаи суръати васлшавӣ ба интернети Speedtest Global Index-ро нашр кард, ки дар он доир ба суръати интернети мобилӣ ва сабтшуда дар моҳи ноябри соли 2020 маълумот дода мешавад. Раддабандӣ 176 кишвари саросари дунёро фаро гирифта, моҳи ноябр Тоҷикистон дар он аз зинаи 97-уми моҳи октябр ба зинаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сервиси маъруфи интернетии Speedtest.net-и ширкати ирландии Ookla рейтинги ҳармоҳаи суръати васлшавӣ ба интернети Speedtest Global Index-ро нашр кард, ки дар он доир ба суръати интернети мобилӣ ва сабтшуда дар моҳи ноябри соли 2020 маълумот дода мешавад.

Раддабандӣ 176 кишвари саросари дунёро фаро гирифта, моҳи ноябр Тоҷикистон дар он аз зинаи 97-уми моҳи октябр ба зинаи 96-ум боло рафтааст.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ интернети суръаташ нисбатан хубтар дар Қазоқистону Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст, ки мутаносибан дар зинаҳои 65-ум ва 76-уми раддабандӣ ҷойгир шудаанд.

Ӯзбекистон ду зина боло аз Тоҷикистон – 94-ум ва Туркманистон дар зинаи охири рейтиенг – 176-ум қарор доранд. Русия зинаи 89-умро ишғол кардааст.

Гуфта мешавад, босуръаттарин интернет дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Чин ва Австралия ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ, то аввали моҳи июли соли ҷорӣ шумори корбарони интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 3 млн нафар ва шумори корбарони алоқаи мобилӣ – беш аз 5,9 млн нафарро ташкил дода буд, ки ҳудуди 5,3 млн нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.