Манбаъ: Шоҳҷоизаи “Фуруғи субҳи доноӣ”-ро Раъно Насриддинова соҳиб шуд

Asia-Plus

Бино ба иттилои як манбаи муътамади наздик ба раҳбарии Комиссияи озмуни ҷумҳурявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", Раъно Насриддинова хонандаи синфи 11-уми мактаби №28 аз деҳаи Сории Панҷакент дар даври ҷумҳуриявии ин озмун барандаи "Шоҳҷоиза" гардидааст. Номи барандагони бахшҳои дигари ин озмун шоми имрӯз, соати 17.00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ эълон хоҳанд шуд.

Тибқи низомномаи ин озмун, барандаи Шоҳҷоиза 60 ҳазор сомонӣ мукофоти молӣ мегирад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар суҳбат ба "Азия-Плюс" баранда шудани Раъно Насриддиноваро рад ё таъйид накард, танҳо гуфт, ки "ин бегоҳ ҳамаи ғолибҳо дар Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ эълон мешаванд".

Ба гуфтаи манбаъи мо, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суҳбат ва посухдеҳии Раъно Насриддиноваро дар телевизион дидааст ва ба дониши ӯ таваҷҷуҳ кардааст. Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки пас аз хатм ин хонандаи шаҳри Панҷакентро ба Душанбе биоваранд ва ба ҳар донишгоҳе, ки мехоҳад, ворид шавад ва таҳсилашро таҳти сарпарастии раисҷумҳур идома бидиҳад.

Ҳамчунин манбаъ гуфт, Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳатто пас аз хатм Раъно Насриддиноваро ба кор таъмин кунанд.

Пештар аз ин суханронии Раъно Насриддинова дар як барномаи телевизионӣ аз сӯйи хонандагони расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи гарм шуд. 

https://www.youtube.com/watch?v=LDSKoNm8G9k

Раъно Насриддинова дар як суҳбаташ бо хабаргузории "Ховар" гуфта буд, ки агар  дар озмун ҷоизаи пулие ба даст биорад, онро барои сохтани китобхона дар деҳааш сарф хоҳад кард. 

Ин хонандаи мактаб, ки ба ҳисоби худаш, ҳудуди 800 китобро мутолиа кардааст, дар ин барномаи телевизионӣ бисёр донишмандона ва ҳатто ба таъбири корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, файласуфона суҳбат мекард.

Раъно Насриддинова дар даври вилоятии ин озмун дар вилояти Суғд ҳам "Шоҳҷоиза"-ро соҳиб ва 20 ҳазор сомонӣ ба даст оварда буд. 

Ҳамчунин ба гуфтаи манбаъи мо, дар панҷ бахши дигари ин озмун ғолибон муайян шудаанд, ки аз рӯйи ҳар бахше барои се гуруҳи ширкаткунандагон мақомҳои ифтихории якуму дувум ва сеюм дода мешавад. Яъне дар ҳар бахши дигари озмун ширкаткунандагон ин гуна гуруҳбандии шудаанд: 1) тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ ва мактаби миёна; 2) донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону докторантҳо ва 3) намоядаҳои касбу кори дигар.

Мувофиқи низомнома, ба пирӯзи мақоми аввали бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 30 ҳазор сомонӣ ва ғолибони мақомҳои аввали бахшҳои дигар 25 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ дода мешавад. Ба ғолибони мақомҳои дувуму сеюми бахшҳо мутаносибан 20 ва 15 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Дар маҷмуъ дар ҳамаи бахшҳои озмун 75 нафар сазовори ҷойҳои ифтихории якуму дувум ва сеюм шудаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, Вазорати маориф ва илм ба ҳамаи ширкаткунандагони даври ҷумҳуриявӣ барои иштирок 1000 смонӣ мукофоти молӣ медиҳад. 

Барои ба даст овардани Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"  дирӯз 5 нафар аз ғолибони ин озмун сабқат карда буданд. 

Ба гуфтаи манбаъ, аз 12 нафаре, ки дар бахшҳои дигари озмун пирӯз шуда буданд, танҳо  5 нафар розӣ шудаанд, ки барои соҳиби Шоҳҷоиза шудан рақобат бикунанд. Ҳафт нафари дигар аз ширкат дар ин давр худдорӣ карда буданд.

Онҳое, ки барои Шоҳҷоиза вориди рақобат шуда буданд, Рухшона Норова, хонандаи синфи 8 аз шаҳри Панҷакент, Сарфарозиддин Иморуддинов, омӯзгор аз шаҳри Хуҷанд, Гулбаҳор Раҳимова, омӯзгор аз ноҳияи Масчоҳ, Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент ва Нӯшофарин Хидирова омӯзгор аз шаҳри Истиқлол буданд. 

Баргузории даври ҷумҳуриявии озмун ба дӯши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аммо то кунун ин ниҳод ғолибони бахшҳои озмунро расонаӣ накардааст. 

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар машварати кории рӯзи 15-уми декабр дар Қасри миллат аз доварони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, талаб карда буд, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад.

Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" имсол бори дувум аст, ки баргузор мешавад. Соли гузашта бори нахуст ин озмун доир шуда буд. Ин озмун аз моҳи январ то моҳи декабр дар чор давр баргузор мешавад. Дар он хонандагону донишҷӯён ва магистрону аспирантҳову докторантҳо иштирок карда метавонанд.

Имсол маҳдудияти синнусолӣ дар он бардошта шуд. Ғолибони ин озмун дар чор давр муайян ва аз сӯйи ҳукуматҳои маҳаллӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибони давраи чорум аз ҷониби президент тӯҳфа ва мукофотпулӣ дода мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 7 то 15 декабр  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии  Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  доир шуд.  

Шумораи ширкаткунандагон дар даври ҷамъбастии озмун 269 нафарро аз рӯи 5 бахш дар бар мегирифт:

-дар бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик – 67 нафар;

-дар бахши хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик – 62 нафар;

-дар бахши хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик – 54 нафар;

-дар бахши хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон – 61 нафар;

-дар бахши шоирӣ – 23 нафар.

Аз ҷумла, 9 нафар аз ВМКБ, 59 нафар аз вилояти Суғд, 79 нафар аз вилояти Хатлон, 62 нафар аз ноҳияҳои тобеи марказ ва 58 нафар аз шаҳри Душанбе буданд.

Маҳорати ширкаткунандагони озмунро аз рӯи ҳар бахш 7 нафар  аъзои ҳакамон аз ҳисоби олимон, адибон ва устодони шинохтаи кишвар доварӣ мекарданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...