Раиси пешини “Тоҷпромбонк” 8,5 сол зиндон шуд

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро баррасӣ намуда, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони маҳкумшуда бидуни ифшои ному насаб хабар дод, парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро баррасӣ намуда, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” яке аз хешовандони маҳкумшуда бидуни ифшои ному насаб хабар дод, парвандаи Ҷамшед Зиёев аз рӯи чор моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 247 (Қаллобӣ), 340 (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ,  штамп,муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ) ва 295 (Суиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) мавриди тафтиш қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳукми суд аввали моҳи декабр эълон шуда, лекин мақомоти судӣ дар ин бора хабар намедиҳанд. Дар суди ноҳияи Сино, ки мурофиаҳо ҳамон ҷо баргузор шуданд, посух ба саволҳои хабарнигори “Азия-Плюс”-ро дар ин маврид рад карданд.

Ёдрас мекунем, ки Ҷамшед Зиёев 24 апрели соли 2018 боздошт ва 16 май ба таваққуфгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) гузаронида шуд. Қаблан манбаъҳои “Азия-Плюс” зикр карда буданд, ки замони роҳбарӣ ба «Тоҷпромбонк» Зиёев воситаҳои ҷалбшудаи амонатгузоронро ба равнақи тиҷорати худаш равона мекардааст. Инро гӯё бо роҳи ба номи хешовандону наздиконаш ба расмият даровардани қарзҳо амалӣ мекардааст.

Иҷозатномаи “Тоҷпромбонк” барои анҷоми фаъолияти бонкӣ охири моҳи феврали соли 2018 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бозхонд шуд. Сабаби он аз уҳдаи иҷрои хизматрасонӣ ба мизоҷон набаромадани бонк унвон шуд.

Моҳи марти соли 2018 бо қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷараёни маҷбуран барҳамдиҳии бонк шурӯъ шуд. Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ шуд.

Ҷамшед Зиёев ҳанӯз соли 2019 100 млн сомонӣ (ҳудуди 10 млн доллар)-ро бо амвол баргардонид. Ин пул бояд барои пардохти қарзҳо ба амонатгузорон равона мегардид. Лекин то имрӯз чӣ қадар маблаг баргардонида шудааст, маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.