Ҷоизаи нави давлатӣ барои олимону устодони риштаҳои табииву дақиқ дар Тоҷикистон

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон бо фармони президент барои олимон ва устодони риштаҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ Ҷоизаи нави давлатӣ таъсис дода шуд. Сар аз соли 2021 ҳамасола 15 олим ба ин ҷоиза сарфароз гардонида мешаванд, хабар дод як манбаъ аз Ҳукумати Тоҷикистон ба "Азия-Плюс".

Ба вазорати молия дастур дода шудааст, ки аз якуми январ маблағи ин Ҷоизаи давлатиро аз ҳисоби будиҷаи давлат таъмин намояд. 

Ҳадафи аз тақдими ин Ҷоизаи давлатӣ барои олимон ва устодони фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ ин иҷроӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм, маориф ва наовариҳо ва бо ин роҳ рушд додани ин самтҳо мебошад. Ҳамчунин  рушд додани фаъолияти эҷодии олимону устодони ин бахшҳо ва боло бурдани мақоми онҳо дар ҷомеа, беҳбуд бахшидани равишҳои дарсдиҳӣ ва омӯзиши риштаҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ барои хонандагон, донишҷӯён, магистрҳову докторантҳо дар ин тахассуҳо гуфта мешавад. 

Ҷоизаи давлатӣ иборат дар мукофоти пулӣ ва диплом мебошад. Андозаи мукофоти пулиро ҳамасола Ҳукумати Тоҷикистон таъхин мекунад. 

Ҷоизаи давлатӣ ба донишмандон барои ин дастовардҳо дода мешавад:

– натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникие, ки барои рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоидат мекунанд;

– коркард ва роҳандозии фановариҳо, кашф ва ихтирооте, ки рушди иқтисодӣ ва иқтидори мудофиавии кишварро боло мебарад;

– таҳияи китобҳои дарсӣ, нашри мақолаҳои илмиву методӣ, маводи таълимиву методӣ, омода кардани хонандагон, донишҷӯён, магистрҳо ва докторантон аз рӯйи тахасусҳо барои озмунҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ;

– ширкати фаъол дар чорабиниҳои илмиву омӯзгорӣ ва корҳои ҷамъиятӣ;

– саҳмгузорӣ дар коркад ва татбиқи барномаҳои илмиву технкии ҷумҳурӣ.

Ҷоизаи давлатӣ ба омӯзгорон барои ин дастовардҳо дода мешавад;

– навоварӣ дар таҷрибаи омӯзгорӣ, нашри мақолаҳои илмиву методӣ, шаҳодатномаи ихтироот, чопи дастур ва китобҳои дарсӣ;

– дарки санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ, тавонмандии асоснок  кардани мавзуъ таълим ва равиши тадрис;

– ҳадафмандонаи истифода кардани фановариҳои иттилоотиву иртиботӣ, шабакаи ҷаҳонии интернет, тахтаҳои электронӣ, партавафкан (проектор), сохтани барномаҳои рӯнамокунанда (слайдҳо);

– омода кардани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳурявӣ ва байналмилалӣ. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...