Ҳаҷви даврони пандемия: бо Муқимҷон Абдуфатоев

Ҳаҷвнигори  боистеъдод ва хушноми кишвар Муқимҷон  Абдуфаттоев имрӯз  46-сола шуд.  Ӯ  18.12.1974 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда,  беш аз 20 сол аст, ки дар яке аз самбулҳои саҳнаҳои ҳаҷву танзи тоҷик аст. Тавре ӯ, дирӯз дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳавҷнигорӣ […]

Афзал Босолиев, Asia-Plus

Ҳаҷвнигори  боистеъдод ва хушноми кишвар Муқимҷон  Абдуфаттоев имрӯз  46-сола шуд.  Ӯ  18.12.1974 дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳангу санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда,  беш аз 20 сол аст, ки дар яке аз самбулҳои саҳнаҳои ҳаҷву танзи тоҷик аст.

Тавре ӯ, дирӯз дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳавҷнигорӣ бисёр кори душвор аст ва ин соҳа авҷу мавҷҳои зиёде дорад. Барои ин ки дар соҳа муваффақ шавӣ иродаи мустаҳкам лозим аст.

Муқимҷон фаъолитяи худро ҳанӯз аз замони мактабхониаш оғоз намудааст. Ӯ соли 2003 дар шаҳри Хуҷанд, бо пуштибонии ҳукумати вилояти Суғд театрстудияи ҳаҷвии “Хандинкамон”-ро таъсис дода, роҳабарии онро то имрӯз бар ӯҳда дорад.  Дар муддати кӯтоҳ  ин театрстудия бо саҳнаҳои ҷолибаш  байни мардум  маъруф шуд. Ҳамзамон театрстудияи  “Ханинкамон” филмҳои ҳавҷии  “Таксӣ”, Оҳ, муҳаббат”, “Наврӯз дар Наврӯз” таҳия кардааст, ки то ҳанӯз тамошобини зиёде доранд. Коргардон ва муаллифи сенарияҳои  филм худ  ӯ мебошад. 

Ёдовар  мешавем, ки Муқимҷон  Абдуфаттоев дар намоишномаи “Абдуи Хуҷандӣ” нақши асосиро иҷро карда буд.  Як муддат  ҳамчун  роҳбар дар  театри русии академии  ба номи Пушкини шаҳри Бӯстон фаъолият кард. 

Ӯ оиладор буда  соҳиби 4 нафар фарзанд мебошад.

Дар замони пандемияи коронавирус ӯ барномаи “Як пиёла чой бо Муқимҷон Абдуфаттоев”-ро  дар шабакаи Ютуб ташкил намуд.  “Азия-Плюс” бахшҳое аз ин саҳнаҳои ютубро дар як навор таҳия кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.