Даргузашти Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди Акашариф Ҷӯраев

Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев бар асари беморие, ки дошт рӯзи 18-уми декабр дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ӯ хабар доданд. Раёсати фарҳанги Душанбе ҳам дар бо нашри як номаи ҳамдардӣ даргузашти Ҳисорӣ Ҷӯраевро барои хонавода ва аҳли ҳунар таслият гуфтаанд. "Аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз даргузашти фарзанди […]

Ҳисорӣ Ҷӯраев фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев бар асари беморие, ки дошт рӯзи 18-уми декабр дар Душанбе даргузашт. Дар ин бора наздикону пайвандони ӯ хабар доданд. Раёсати фарҳанги Душанбе ҳам дар бо нашри як номаи ҳамдардӣ даргузашти Ҳисорӣ Ҷӯраевро барои хонавода ва аҳли ҳунар таслият гуфтаанд.

"Аҳли Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе аз даргузашти фарзанди Ҳофизи халқии Тоҷикистон , зиндаёд Акашариф Ҷӯраев, Ҳисорӣ Ҷӯраев сахт андуҳгин гашта, ба наздикон, хешутабор ва мухлисонаш ҳамдардии худро изҳор менамоянд. Равонашон шоду хонаи охираташон обод бошад",-омадааст дар ин номаи таслият.

Ҳисорӣ Ҷӯраев номзади илмҳои химия буд ва то дами марг дар Пажуҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии ғизои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба сифати мудири Озмоишгоҳи назорати амнияти маҳсулоти хӯрокӣ ва маводи хоми ғизоӣ кор мекард.

Ӯ ҳамчунин мушовири Пажӯҳишгоҳи дорусозии вазорати тандурустӣ низ буд.

Ҳисорӣ Шарифов ба унвони фарзанди овозхони пуровозаи тоҷик Акашариф Ҷӯраев, ки Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи ӯст, овозхонӣ низ мекард. 

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" аз марги ин донишманд ва овозхони шинохта андуҳгин буда, ба хонаводаву наздикону пайвандонашон дар ин мусибати азим сабру шикебойӣ мехоҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.